Дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуда, дар чаҳорчӯби он доираҳои тиҷоратии ду кишвар қарордодҳои нав ба имзо расониданд.

Форум дар доираи ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барпо шуд.

1/5

Дар ин Форум зиёда аз 300 нафар аз ҳар ду ҷониб, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилоти давлатӣ, сармоягузорон ва намояндагони бахши хусусии давлатҳо ширкат варзиданд.

Ба иштирокчиён бобати фазо ва имконоти  сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо дар Тоҷикистон маълумот дода шуда, ҷонибҳо лоиҳаҳои муштараки ҳамкориро баррасӣ намуданд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорон дар шакли “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) доир гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он санадҳои нави ҳамкорӣ  мувофиқа ва ба имзо расонида шуданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар доираи форум аз ҷониби субъектҳои бахши давлатӣ ва хусусии ҳар ду ҷониб ба маблағи 50 млн доллар созишномаҳо имзо шуданд, ки қариб ҳамаи соҳаҳои ҳамкории иқтисодиро фаро мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.