Нархҳои яклухти ҳадди ниҳоӣ ба гази моеъ дар семоҳаи аввали соли 2021 дар сатҳи нархи ҷорӣ боқӣ мемонанд, хабар медиҳад Вазорати энергетикаи Қазоқистон.
Дар маълумот қайд мешавад, ки нархи ҳадди ниҳоии як тонна ин навъи сӯзишворӣ айни замон мисли семоҳаи охири соли гузашта 38 701,67 тенге (92,3 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Мувофиқи қонунгузории Қазоқистон нархи ҳадди ниҳоии гази моеъи нафтӣ ҳар семоҳа бо фармони вазири энергетика дар доираи нақшаи таҳвили сӯзишворӣ ба бозори дохилӣ бидуни майдонҳои савдои электронӣ тасдиқ мешавад.
Қаблан зикр гардида буд, ки бо фармони вазири энергетикаи Қазоқистон содироти гази моеъи нафтӣ тариқи нақлиёти автомобилӣ ба муддати се сол манъ шуд. Ҳамчунин соли 2017 низ фармони ба ин монанд ба ҳамин муҳлат содир гардида буд. Моҳиятан Вазорат манъи содиротро боз ба муҳлати се соли дигар дароз кард.
Дар Вазорат таъкид дошта буданд, ки шабакаҳои ҷудогона газро, ки барои таъмини эҳиёҷоти дохилӣ пешбинӣ гардида буд, ғайриқонунӣ ба берун аз ҳудуди Қазоқистон содирот мекарданд.
“Содироти ғайриқонунии сӯзишвории моеъи нафтӣ ба берун аз ҳудуди Қазоқистон тариқи нақлиёти автомобилӣ амалӣ мешавад, зеро назорати ин воситаи ҳамлу нақл қариб ғайриимкон аст”, - зикр шуда буд дар хабар.
Пас аз роҳандозии тадбирҳо дар соли 2017 вазъи таъминоти бозори дохилӣ бо гази моеъ ба эътидол омада, аз мақомоти дахлдор доир ба далелҳои кӯшиши содироти он ба хориҷи кишвар маълумот нарасид.
Зиёда аз 60% моликони автомашинаҳо дар Тоҷикистон гази моеъро ба сифати сӯзишворӣ истифода мебаранд.
Қобили зикр аст, ки гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон (ҳудуди 93% аз ҳаҷми умумӣ), инчунин аз Ӯзбекистон (наздики 6%) ва Русия (тақрибан 1%) оварда мешавад.
Ба воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ 15 ширкат машғуланд, ки ҳиссаи нисбатан баландтар ба “Алат” (18%), “Темур Ойл” (11%), “Ғайрат” (10%) ва “Октан сервис” (10%) рост меояд.
Талаботи Тоҷикистон ба гази моеъ дар як моҳ 40 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти расмӣ, соли гузашта арзиши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон ба андозаи 5,4% боло рафт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.