Дастаи футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе шоми дирӯз, 3-юми декабр, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо тими “Сипоҳон”-и Эрон рақобат кард.

Ин дидор дар доираи даври охирини марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё, дар гурӯҳи “С” баргузор гардида, бо ҳисоби 0 бар 2 ба нафъи меҳмонон анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ, ин мавсими Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 барои “Истиқлол” поён ёфт ва ба гуфтаи коршиносон, бадтарин натиҷа дар таърихи иштироки даста дар мусобиқаҳои сатҳи Осиё будааст.

1/4

Қаҳрамони футболи кишвар дар шаш бозии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа танҳо як гол зада, ҳеҷ имтиёзе ба даст оварда натавонист.

Дар бозии дигари гурӯҳи “С” даста “Шарҷа”-и Амороти Муттаҳидаи Араб дар баробари “Ал-Ваҳда”-и Урдун бо натиҷаи 3 бар 1 ғалаба ба даст овард.

Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ аз гурӯҳи “С” дастаи “Шарҷа” бо 13 хол ва “Ал-Ваҳда” бо 11 имтиёз зинаҳои якум ва дуюми гурӯҳро касб карда, роҳхати марҳилаи баъдиро ба даст оварданд.

Дастаи “Сипоҳон” бо ба даст овардани 10 хол ва “Истиқлол” бо 0 имтиёз дар ҷойҳои сеюм ва чоруми гурӯҳ қарор гирифта, имкони баромадан ба марҳилаҳои финалиро аз даст доданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.