Шурӯъ аз 1-уми декабри соли равон нархи хидматрасонӣ барои санҷиши манъи вуруд ва гирифтани изи ангушт барои сафар Русия дар намояндагии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и ВКД ин кишвар дар Тоҷикистон аз 460 сомонии пешин ба 153 сомонӣ поин фароварда шудааст. Ҳамчунин, гирифтани изи ангушт 60 сомонӣ гардидааст. Дар ин бора Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар додааст.

Қаблан, шаҳрвандон барои хидматрасонии ин намояндагӣ, аз ҷумла санҷиши вуруд ва гирифтани изи ангушт 460 сомонӣ пардохт мекарданд. Акнун арзиши гирифтани изи ангушт 60 сомонӣ ва нархи хидматрасонҳои дигар, аз ҷумла санҷиши манъи вуруд ба Русия 153 сомонӣ, дар маҷмуъ, 213 сомонӣ шудааст.

Ин ниҳод дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” навишт, ки ин тасмим дар пайи “дархосту пешниҳодҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби намояндагии "Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид"-и ВКД Русия дар Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуд.

Хадамоти муҳоҷират гуфтааст, ки намояндагӣ “барои ашхосе, ки хоҳиши кор дар Россияро доранд, аз ҷумла санҷиши воридшавӣ, гирифтани изи даст, муҳоҷирати қонунӣ, бехатар ва муназзам дар ҳудуди Федератсияи Россия ба фаъолият оғоз намудан, муосидат менамояд”.

“Ин имконият медиҳад, ки Шумо дар Фурудгоҳҳои қаламрави Россия мунтазири омодашавӣ ва назорати ҳуҷҷатҳоятон нашуда, дар муҳлати кутоҳтарин, бемамоният аз санҷишҳои мақомоти салоҳиятдор бемамоният гузаред”, - гуфтааст ин ниҳод.

Онҳо аз шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия мераванд, даъват кардаанд, ки аз хидматрасониҳои ин намояндагӣ истифода кунанд.

Намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия охирҳои моҳи майи соли равон дар Душанбе боз шуд. Мақомот гуфтанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доранд, қабл аз сафар ба Русия дар ин намояндагӣ аз бақайдгирии изи ангушт ва санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Русия гузаранд.

Ин намояндагӣ дар шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Айнӣ 121 (бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон) ҷойгир аст.

Ин марказ чӣ гуна фаъолият мекунад, дар чанд рӯз ва чӣ гуна метавонед фаҳмед, ки иҷозаи вуруд ба Русияро доред ё не, дар мақолаи “Я даҳа иҷа бтакон”. Намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД-и Русия чӣ тавр фаъолият мекунад?” хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.​​