Додситонии кулли Тоҷикистон сабаби боздошти Файзалӣ Юлдошев (Файзи Олӣ), вакили мудофеи тоҷикро шарҳ дода навиштааст, ки ӯ барои расонидани хабари бардурӯғ нисбати кормандони додситонӣ ва палатаи ҳисоб барои ришвагирӣ зиндонӣ шуд.
Ҳафтаи пеш, Радиои Озодӣ навишта буд, ки Файзи Олӣ барои "дарӯғгӯӣ" 2,5 сол равонаи зиндон ва аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.
Дар шарҳи додситонӣ, ки дирӯз, 3-юми декабр дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шуд, омадааст, ки Файзи Олӣ хилофи талаботи қонун дар бораи адвакатура ва фаъолияти адвакатҳо “бо мақсади оворакунии мақомоти давлатӣ, қасосгирӣ ва бе огоҳии шахси ваколатдиҳандааш аз қарори оғози парвандаи ҷиноятӣ ва ҳукми суд норозигӣ карда” ба Додситонии кул, Шӯрои амният, Оҷонсии зиддифасод, Вазорати корҳои дохилӣ ва Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мунтазам муроҷиати хаттӣ кардааст.
“Гӯё аз ҷониби корманди прокуратура Холиқзода У. содир намудани ҷинояти вазнин, яъне бо роҳи тамаъҷӯӣ гирифтани пора ба миқдори 21000 сомонӣ, ревизори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ҷ.Ҷ. гирифани пора ба миқдори 50000 сомонӣ ва ҳимоятгар Саидова Ҳ.У. бо роҳи қаллобӣ гирифтани 20000 сомонӣ аз Ҳамроҳзода Ш. ва дигарон дидаю дониста хабари бардурӯғ расонидааст”,-шарҳ додааст додситонӣ.
Файзи Олӣ дар парвандаи азхудкунии беш аз 4 ҳазор сомонӣ аз сӯи як соҳибкор ҳамчун вакили дифоъ будааст ва баъди зиндони шудани ӯ аз қарори додгоҳ норозигӣ карда, ба ниҳодҳои масъул муроҷиат кардааст.
Вале Додситонии кул мегӯяд, “мақомоти марбута” муроҷиатҳои ин вакили дифоъро санҷид, лекин “ваҷҳҳои мактуби Файзи Олӣ тасдиқ нашуд”.
Ба иттилои ин ниҳод, нисбати Файзи Олӣ барои дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ бо гунаҳкор кардан дар содир намудани ҷинояти вазнин ё қисми 3 моддаи 346 КҶ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ӯ бо қарори додгоҳи ноҳияи Сино ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Вале ин ниҳод расман нагуфтааст, ки Файзи Олӣ ба чанд соли зиндон маҳкум шуд ё ҷазои дигаре гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 29-уми ноябри соли равон додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзи Олиро барои “дурӯғгӯӣ” нисбат ба кормандони Додситонӣ гунаҳкор карда, ба 2,5 сол зиндони низомаш сахт маҳкум кард.
Файзи Олӣ дар гузашта дар чанд қазияи пурсарусадои додгоҳӣ, аз ҷумла боздошту ҳукми зиндони Саиднуриддин Шамсиддинов (судиҷрочии собиқ) ва марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки Душанбе ба ҳайси вакили мудофеъ баромад кардааст.
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон $8 миллиард лозим аст. Онро аз куҷо ва чӣ гуна пайдо бояд кард?
Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд
Дар Теҳрон 60-солагии Фарзонаро таҷлил мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста