Имрӯз Кумитаи кор бо занон ва оила (09:00), шаҳрдории Душанбе (09:00), Комиссияи олии аттестатсионӣ (10:00), Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (11:00) ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш (14:00) оид ба фаъолияти худ дар соли 2024 дар назди рӯзноманигорон ҳисобот медиҳанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 10 ФЕВРАЛ

Соли 2010 – Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфт.

Соли 2004 - Созишномаи Тоҷикистону Афғонистон “Дар бораи сохтмон ва истифодабарии пул дар рӯдхонаи Панҷ” ба имзо расид.

Соли 2007 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни сафараш ба Сурия пешниҳод кард, ки шаҳрҳои Кӯлоби Тоҷикистон ва Тадмури Сурия (Палмир) бародаршаҳр эълон карда шаванд.

Соли 2014 – Бонки миллии Тоҷикистон силсилаи тангаҳои хотиравии аз нуқраи холис сохташударо бо қимати 50 ва 100 сомонӣ ба муомилот баровард.

Соли 2014 – Маркази миллии тестӣ аз тобеияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии назди президенти Тоҷикистон табдил дода шуд.

Соли 2015 – Пас аз 4 моҳи асорат дар қабилаи Харикдон, шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамшираи шафқат Гулрухсор Рофиева, ки дар Яман кор мекард, озод карда шуд.

Соли 2017 – Пас аз 25 сол нахустин парвоз дар масири Душанбе-Тошканд анҷом ёфт.

Соли 2019 – Дар Суғд бузургтарин корхонаи ресандагӣ дар минтақа бо номи “Ангубин” дубора ба кор даромад.

Соли 2020 – Ҳукумати кишвар тасмим гирифт, ки дар Тоҷикистон яке аз чор ҷашни қадимӣ – “Тиргон”-ро эҳё кунад.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1913 – Зодрӯзи Насим Пӯлотов, оҳангсози тоҷик.

Соли 1914 – Мавлуди Зоҳир Дӯстматов, коргардони театр, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик.

Зоҳир Дӯстматов

Ӯ Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардаааст. Фаъолияташро аз Театри Лоҳутӣ оғоз карда, муддате дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хуҷанд ҳунарнамоӣ кардааст. Баъдан боз ба театри Лоҳутӣ баргашта, то поёни умр он ҷо ҳунарманди ин театр буд.

Барҷастатарин комёбии эҷодиаш симои Қорӣ Ишкамба аз филми бадеии “Марги судхӯр” мебошад, ки хислату характери қаҳрамонашро ҳамаҷиҳата инъикос карда тавонистааст. Ӯ соли 1967 дар синни 52-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1936 – Зодрӯзи Алӣ Бобоҷон, шоир ва нависандаи тоҷик.

Алӣ Бобоҷон

Алӣ Бобоҷон яке аз адибони забардасти тоҷик буда, асосан барои кӯдакону наврасон эҷод кардааст. Ашъори барои кӯдакон эҷодшудааш дар маҷмӯаҳои “Мусича”, “Гули бодом”, “Усто парасту”, “Зардолуи моҳтобӣ” “Алифбои парандаҳо” ва дигар маҷмуаҳо интишор гардидаанд.

Алӣ Бобоҷон асарҳои насрӣ низ эҷод намуда, дар тарҷумаи як қатор асарҳои кӯдакона ба забони тоҷикӣ низ саҳм дорад. Як қатор таронаҳояш ба оҳанг дароварда шуда, намунаҳои беҳтарини таронаҳои кӯдакона маҳсуб меёбанд.

Ӯ соли 2020 дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1938 – Мавлуди Рақиб Абулҳаев, таърихнигор, доктори илми таърих, профессор.

Соли 1941 – Мавлуди Ҷӯрабек Набиев, овозхон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Ҷурабек Набиев

Ҷӯрабек Набиев яке аз сарояндагони хушсалиқаи тоҷик буда, аксаран ба матнҳои классискӣ оҳангҳои марғуб эҷод намудааст. Дар иҷрои ӯ мақомҳои “Сарахбори Оромиҷон”, “Ушшоқи Самарқанд”, “Соқиномаи Ироқ”, “Ушшоқи Содирхон” хеле боназокату дилрабо садо додаанд ва то кунун ба дилҳо фараҳ мебахшанд. Ҷӯрабек Набиев муаллифи беш аз 200 тарона аст.

Ӯ солҳо дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ яккахон буд ва ҳамчунин як муддат роҳбарии ин театрро ба уҳда дошт.

Ҳамзамон ӯ сарвари ансамбли тарона ва рақси “Дурдона” буда, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дарс гуфтааст. Дар бораи кору пайкор ва эҷодиёти Ҷӯрабек Набиев дар маводи “Ҳеч гоҳе ҳунарамро нарх нагузоштам: шеваи зиндагии Ҷӯрабек Набиев” мутолиа кунед.

Соли 1946 – Мавлуди Тоҳири Абдуҷаббор, раҳбари ҷунбиши “Растохез” ва нависандаи тарҳи Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон.

Тоҳири Абдуҷаббор

Фаъолияти Тоҳири Абдуҷаббор ба унвони пажӯҳишгари улуми иқтисодӣ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Баъдтар ӯ бо гурӯҳе аз тарафдорону ҳамандешонаш созмони ҷунбиши мардумии "Растохез"-ро таъсис дод. Соли 1989 Тоҳири Абдуҷаббор ва рӯшанфикрони дигари тоҷик муваффақ шуданд, ки забони форсии тоҷикӣ дар Тоҷикистон ба забоне расмӣ табдил шавад ва Қонун дар бораи забон дар он замон тасвиб шуд.

Тоҳири Абдуҷаббор соли 1990 аввалин тарҳи Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистонро навишт ва ба унвони узви порлумон ба Шӯрои Олӣ муаррифӣ кард. Дар замони оғози ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 ӯ Тоҷикистонро тарк кард ва замоне дар Эрон ва сипас муддате дар Қирғизистон ба сар бурда, соли 2006 ба Тоҷикистон баргашт. Соли 2009 дар 63-солагиаш аз олам даргузашт.

Соли 1956 – Зодрӯзи Лолахон Сатторӣ, наттоқи тоҷик ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Лолахон Сатторӣ

Лолахон Сатторӣ хатмкардаи факултети ҷуғрофияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе буда, гӯянда, баранда ва шореҳи барнома ва намоишҳои калонҳаҷми сиёсӣ дар радио ва телевизиони Тоҷикистон буд.

Як муддат директори “Тоҷикфилм” низ будааст. Бо садои ӯ даҳҳо барномаҳои радиоӣ ва намоишҳои телевизионӣ сабт гардидаанд, ки иддае аз онҳо дар “Хазинаи тиллоӣ”- и радиои Тоҷикистон ва видеотекаи телевизиони Тоҷикистон маҳфузанд.

Лолахон Сатторӣ 14-уми майи соли 2024 дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1962 – Зодрӯзи Файзулло Баротзода, директори пешини Маркази исломшиносӣ ва вакили парлумон.

Файзулло Баротзода

Ӯ яке аз мураттибон ва мутарҷимони “Таърихи Табарӣ” ва китоби “Қуръон” аст. Ӯ хатмкардаи факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Вай ба ҳайси муовин ва дертар ҳамчун директори Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Чанд сол ёвари президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Аз соли 2015 то соли 2020 директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Тоҷикистон буд. Аз 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии  Тоҷикистон мебошад.

Соли 1965 – Мавлуди Акбаралӣ Сатторов, журналист, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Акбаралӣ Сатторов

Ӯ соли 1990 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинградро хатм кардааст. Аз ҳамон сол ҳамчун мухбири рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” ба кор оғоз намуда, баъдан дар рӯзномаи “Садои мардум” фаъолият бурдааст.

Соли 1994 ҶДММ “Чархи гардун”-ро ташкил намуд, ки рӯзномаҳои “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Авиценна”, “Аладдин”, “Студент”, “День за днём…” ва “Дайджест пресс” ба таркиби он ворид мешуданд. Акбаралӣ Сатторов ҳамчунин соҳиби нашриёти “Интишор” низ буд. Аз моҳи июни соли 2006 то поёни умр раисии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро ба зимма дошт.

Акбаралӣ Сатторовро яке аз эҳёкунандагони журналистикаи тоҷик пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳомии журналистони кишвар низ медонанд.

Ӯ 28 августи соли 2015 дар синни 50-солагӣ оламро падруд гуфт. 1-уми сентябри соли 2024, дар “Рӯзи дониш” мактаби рақами 25-и деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисорро ба номи Акбаралӣ Сатторов гузоштанд.

Соли 1976 – Зодрӯзи Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара

Баҳоваддин Баҳодурзода

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар соли 1999 онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос мебошад. Аз соли 2000 - ум ҳамчун мушовири Раёсати адлия дар вилояти Суғд фаъолияти худро оғоз намуда, дар ин инҳод то ба мақоми сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд расид.

Баъдан, ба ҳайси Нотариуси идораи нотариалии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд кор кард. Аз соли 2019 то соли 2020 муовини Раиси вилояти Суғд буд.

Аз моҳи ноябри соли 2020 ҳамчун раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд фаъолият дорад.

Соли 2001 – Мирзо Олимов, табиби варзидаи тоҷик, бунёдгузори осоишгоҳи Зумрад дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2023 – Пӯлод Бобоҷонов, ахтарфизикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика дар синни 92-солагӣ оламро падруд гуфт.

Соли 2024 —Пайкари Аваз Юлдошев, яке аз рӯзноманигорони маъруфи кишвар, ки солҳо дар «Азия-Плюс» кор мекард ва шоми 9-уми феврал дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт, ба хок супорида шуд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

10-уми феврал Рӯзи ҷаҳонии донагиҳо аст. Ҳадафи он таваҷҷуҳ ба зироатҳои лӯбиёгӣ чун зироатҳои кишоварзист, ки дар ҳалли мушкилоти ғизо ва эҷоди тарзи ҳаёти солим нақши калон мебозанд.


10-уми феврали соли 2006 археологҳои Донишгоҳи Мемфис дар водии Подшоҳони Миср панҷ қабрро кашф карданд, ки тобути мармарӣ дошт.

Дар тӯли тамоми давраи таҳқиқот дар водии машҳури Подшоҳон дар Луксор 64 қабр кашф карда шудааст, ки тақрибан ҳамаи онҳо шоҳона буданд.


Имрӯз рӯзи ихтирои дарзмол аст. Асбобҳои дарзмолкунии либос кайҳо ихтироъ шуда буданд. Аввалин зикри оҳан дар яке аз китобҳои харҷи дарбори шоҳона, ки ба 10 феврали соли 1636 тааллуқ дорад, пайдо шудааст. Баъдан дарзмолҳои мисӣ, газӣ ва спиртдор пайдо шуданд.

Баробари пайдо шудани қувваи электрикӣ ва инкишофи техника дарзмолҳои электрикӣ зуҳур карданд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 10 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2-7º сард то -3+2º, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф борида, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 26-31º сард, дар баъзе минтақаҳо то 38-40º сард, рӯзона 9-14º сард, дар баъзе минтақаҳо то 18-20º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1-3º гарм, рӯзона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон ва барф дар назар. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 2+4º гарм.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.