Ин шабу рӯзҳо ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, устоди ҳунар, муаллифи бештар аз 200 суруди тоҷикию ӯзбекӣ, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ҷӯрабек Набиев 80-сола шуд. Ба ин муносибат “Азия-плюс” бо суроғи ҳунарманд рафт ва аз рӯзгорашу ҷӯё шуду нуқтаназарҳояшро  дар бораи ҳунар ва шеваи зиндагияш пурсон шуд.

Фикр намекардам, ки 80-сола мешавам

Раиси вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ҳунармандро ба ифтихори 80-солагӣ табрик карданд

Давраҳои ҷавонӣ фикр мекардам, ки соли 2000-умро медида бошам, чун соли 2001 60-сола мешудам. Умуман, фикр намекардам, ки 80-сола мешавам,  ба дагроҳи Худованд шукр, ки ба ҳамин рӯзҳо расонд. Беҳтарин рӯзҳо буд, ҳоло аз чизе шикоят надорам ва дар ҳалқаи фарзандону навберагон  давлати пирӣ меронам.

Хаёл надоштам, ки ҳунарманд мешавам

Акс аз бойгонии шахсии овозхон

Ҳунарманд солҳои тулонӣ овозхонӣ  кунаду  рӯйи саҳна бимонад, душвор аст. Овозхонҳои бисёреро  медонам, ки як номашон 5-10  сол мебарояду дигар  гум мешаванд. Ман ҳам хаёл мекардам, ки баъд аз 40-солагӣ шояд ба ҳеҷ кас даркор нашавам. Ҳаёт ҳамин хел аст, яке эҷод карда наметавонӣ  ё дигар овозхонҳои аз шумо беҳтару хубтар  рӯйи саҳна меоянд. Ягон вақт фикр намекардам, ки ҳунарманди  машҳур мешавам, ба мардум хизмат мекунам ё ба саҳнаҳои калон  раҳ ёфта суруд мехонам.  Ҳозира бачаҳо корро сар накарда, ба нафақа баромаданро фикр мекунанд.

Масъулиятшиносӣ

Акс аз бойгонии шахсии овозхон

Масъулияти ман ниҳоят баланд аст. Ба куҷое ваъда дода бошам саривақт меравам. Масалан, агар ба  Самарқанд  даъват  бошам, дар соати муайяншуда ҳозир мешавам,  чунки мардум орзуву ният карда,  шуморо даъват намуда, интизор аст. Аз Самарқанд то Хуҷанд хеле  роҳ аст ва то ин ҷо овозхонҳо низ зиёданд. Инро дарк кардан лозим аст, ки байни ин қадару роҳу овозхон  соҳибмаърака туро интихоб кардааст.

Чашмсер будан

Акс аз бойгонии шахсии овозхон

Ман ҳамеша ба ҳама шогирдон мегӯям, ки чашмсер бошанд. Аз моли дунё ягон кас сер намешавад ва нашудааст. Агар ки моли дунёро ҷамъ кунед ҳам, ба шумо шояд насиб накунад. Ҳама ёфтаатонро  хӯрда метавонед ё не, инро Худо медонад. Барои ҳамин чашмсерӣ яке аз хислатҳои муҳимтарин барои ҳунарманд аст. Мардум бисёр зирак аст, зуд мефаҳмад, ки шумо чӣ инсоне ҳастед.

Ҳалолкорӣ ва ҳалолхӯрӣ

Акс аз бойгонии шахсии овозхон

Ҳалолкорӣ дар ҳама касбу ҳунар муҳим аст, хусусан барои ҳунарманд. Шумо  аз сидқи дил мехонед ё рӯякӣ халқ мефаҳмад. Инсон ба ҳар гуна ҳолатҳо гирифтор шуданаш мумкин, масалан бемор мешавад. Агар ба ҷое ваъда дода бошед, ҳатман бояд равед. Ман ҳатто замоне шуда буд, ки таби баланд доштам, вале чун ваъда дода будам, рафтам. Дар ягон ҷо худамро эҳтиёт  накардаам, ҳамаи қуввамро сарф кардаам, ки гӯё ман охирин рӯз месароям.

Ба ҳалолхӯрию ҳалолкорӣ  бисёр чизҳо вобаста аст. Ҳатто дар шариат ҳам мегӯянд, ки фарзандҳоятонро бо луқмаи ҳалол калон кунед. Мардум ҳамаашро мебинад ва мефаҳмад, ки шумо чӣ гуна кор мекунеду чӣ гуна мехӯред, Мардум, ки дилаш аз шумо монд, аз назар мемонед. Дар назари мардум худро нигоҳ доштан хеле муҳиму душвор аст.

Аввал барои худам суруд мехонам


Сурудро аввал барои худам мехонам. Шеърҳоро мувофиқи табъи дилам меёбам. Шоирон бисёр  ва шеърҳо  ҳам хеле зиёданд. Дарде, ки дорам, мувофиқи он шеър меёбам ва то қадри имкон оҳанг меофарам. Баъди хондан худро хеле сабук эҳсос мекунам.

Бисёр китоб мехонам

Акс аз бойгонии шахсии овозхон

Ҳама гапи дунё дар китоб аст, адибон ҳар гуна ҳолатҳои ҳаётро тасвир мекунанд, барои ҳамин бисёр китоб мехонам,  Ашъори Ҳофизу Саъдӣ ва дигар  адибони бузургро хонда, ғаму андӯҳро фаромӯш мекунам, чунки ҳамон шеърҳо маро тарбия мекунанд. Дар тамоми мавзуъ бузургони мо шеър гуфтаанд. Беҳтарин атои Худо, фикр мекунам, шоир аст, афс=с ки шеър гуфта наметавонам, вале  шоириро дӯст медорам,  як китоб маъноро дар як байт гуфтан мумкин.

Ҳунарамро нарх нагузоштаам

Акс аз бойгонии шахсии овозхон

Ман ягон вақт барои санъатам нарх нагузоштаам.  Масалан, як одами бегона меояд, умуман намешиносам,  рӯзи маъракаро муайян мекунем. Вақте нархи хизматро мепурсад, ман ҳеҷ гуфта наметавонам. То ҳол ҳамин гунаам. Ман ба рӯйи одам “ҳаққи хизматам фалон маблағ мешавад” гуфта наметавонам. Мисол, аз Фарғона, Тошканд  ё Самарқанду Бухоро одами бегона меояд. Ба ман фалон пул диҳед меравам нагуфтаам, ҳурмати ҳамин нони дастурхон. Меравам, худашон маблағ медиҳанд, додаашонро мегирам, баъзан зиёд баъзан кам. Ҳолатҳое буд,  ки маблағи хеле ночиз медоданд,  ман “тӯёна” гуфта  намегирифтам.

Хондан дигар асту сароидан дигар

Акс аз бойгонии шахсии овозхон

Вақте Шумо аз дил месароед, баъд ба дил рафта мерасад. Ба шогирдон мегӯям, сароянда мисли муаллим аст. Агар муаллим дар синф дарс диҳад, мо дар саҳна баромада дарс мегӯем, мухотаби мо калон аст. Ҳар кас ба дараҷаи фаҳмишаш баҳра мебардорад. Хондан дигар асту сароидан дигар. Бисёриҳо хонданашон  мумкин, ҳама овоз дорад. Масалан, Барно Исҳоқова месароиданд. Намедонам, донишашон чӣ хел буд, аммо ба дараҷаи лозим месароиданд. Ин хел овозро ман дигар надидаам. Бисёре аз шунавандаҳо  намефаҳмад, мегӯяд, ки  ин қадар сароянда  дод зада мехонад, ин дод не, ин фиғон аст. Дар Шашмақом авҷ пай дар пай меояд, он ҳама фиғон аз беадолатиҳо аст.  Шашмақом ҳамту пайдо нашудааст, бекор офарида нашудааст.

Худо надиҳад, ҳеҷ чиз намешавад

Акс аз бойгонии шахсии овозхон

Илҳом  аз ғайб аст,  агар Худо надиҳад, ҳеҷ чиз намешавад. Баъзе ғазалҳоро ман солҳо аст, ки навишта аз ёд кардаам, аммо то ҳол  оҳангашро наёфтаам. Дар як рӯз 10-то суруд офариданам мумкин, аммо ба худам маъқул нест. Оҳанг бояд   дарди шеърро гӯяд ва он аз ғайб меояд. Муҳаммад Иқбол беҳуда нагуфтааст

Наво зи пардаи ғайб аст эй мақомшинос,

На аз гулӯи ғазалхон, на аз раги соз.

Ягон вақт аз вазифаам суъистифода накардаам

Акс аз бойгонии шахсии овозхон

Ман ягон вақт аз ҳунар ва мансаб суъистифода накардаам.  Ҳатто вақте роҳбари театри Камоли Хуҷандӣ будам. Метавонистам, ки рӯзи дуюм фарзандамро ба театр оварда, маоши баланд таъин кунам, ҳарчанд ки истеъдодашон аз нафарони дигар кам набуд. Ман ин корро ҳеҷ гоҳ накардаам. Агар корхона хусусӣ бошад, ин корро кардан мумкин, вале дар корхонаи давлатӣ ман инро қабул надорам, мардум ҳатман рӯзе гап мезанад.

Худамро гӯш карда наметавонам


Худамро то ҳозир гӯш карда наметавонам. То ба наздикиҳо сари ин фикр мекардам, ки овози ман чь хел бошад,  форам аст ё не. Баъд худамро ором мекардам, ки шояд дуруст бошам, мардум гӯш мекунанд-ку. Ҳозир худамро кам-кам гӯш мекунам.

Ҳама чиз меъёр дорад

Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд

Табиати инсон  ҳамин хел аст, мехоҳад, ҳама чиз дошта бошад, аммо намедонад, ки ин ҳаёт муваққатӣ аст. Ягон инсон дар дунё ҷовид нест.  Ҳама чиз  андоза дорад. Зиёдашро  Худо нахоста бошад, шумо гирифта наметавонед ё ки гирифта бошед,  вайро  бо худ бурда наметавонед.

Маълумотномаи АП: Овозхони саршиноси тоҷик, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев 10-уми феврали  соли 1941 дар деҳаи Ғӯлакандози ноҳиия Ҷ. Рсулов  ба дунё омадааст. Ин овозхони маъруф  бо услуби хос ва садою навои дилписандаш дили дӯстдорони ҳунари асилро тасхир кардааст.

Ҷӯрабек Набиев  ба бисёре аз кишварҳои олам, аз ҷумла Амрикову Аврупо, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Эрон, Яман ва ғайра сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, санъату ҳунари  тоҷикро ба намоиш гузоштааст.  

Акс дар рӯзи 80-солагии овозхон бардошта шудааст
Asia-Plus

Ҷӯрабек Набиев дар сароидани сурудҳои халқӣ, классикӣ ва  махсусан  Шашмақом маҳорати беҳамто дошта,  аз беҳтаринҳои давру замон  эътироф гаштааст.

Ҳунарманд муаллифи бештар аз 200 суруди тоҷикиву =збекист. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б .Ғафуровро соли 1963 хатм карда, баъдан то соли 1990  дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ фаъолият кардааст. Як муддат роҳбарии театрро низ ба ӯҳда дошт. Сипас то соли 1997 ба ҳайси  сарвари ансамбли тарона ва рақси “Дурдона” кор кардааст.

Як муддат дар донишгоҳи давлатии Хуҷанд низ ба шогирдон таълим додааст. Барои хизматҳои барозанда дар рушди ҳунари тоҷик ӯро бо диплому ифтихорномаҳо ва ҷоизаҳои бешуморе қадрдонӣ намудаанд.  Аз ҷумла соли 1971 сазовори унвони Ҳунарманди шоистаи ҶТ ва соли 1980 соҳиби унвони Ҳунарманди халқии Тоҷикистон  гардидааст. Ҳамзамон ӯ дорандаи ҷоизаи “Қартаи тиллоӣ”  дар солҳои 80-ум  мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.