Чӣ санҷида шуд?

Аз тариқи паёмрасонҳо (мессенҷер) дар чатҳо ва гурӯҳҳои волидони мактаббачагон паёмаке давр мезанад, ки дар он гуфта  мешавад, гӯё маводи мухаддири наве бо ном “қулфинайи тез (клубничный квик)” байни мактаббачагон истифода шуда истодааст.

Дар паёмак гуфта шудааст, ки ин маводи мухаддирро “дар саҳни мактабҳо ба кӯдакон тақсим мекунанд ва онро “метамфетамини қулфинай ё қулфинайи тез” ном мебаранд. Кӯдакон онро фурӯ мебаранд ва пас аз он онҳоро дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол медиҳанд”. 

 

Чӣ гуна санҷида шуд?

Аввалин нуктаи шубҳаовари паёмак ин аст, ки дар он ягон ба сарчашма ишора нашудааст.

Ҷустуҷӯи матни паёмаки мазкур нишон медиҳад, ки рӯзҳои охир он дар кишварҳои пасошӯравӣ ба таври васеъ паҳн (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ), 3 (бойгонӣ))шудааст.


Дар пасманзари паҳни ин паёмак дар кишварҳои Осиёи Маркази мақомоти Қирғизистон (бойгонӣ) ва Қазоқистон (бойгонӣ) расман дар бораи дурӯғ будани он изҳорот нашр намудаанд.  

Ҷустуҷӯи паёмак бо роҳи тарҷума бо забони англисӣ нишон дод, ки он дар якчанд кишварҳои дигар (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ), 3 (бойгонӣ) низ паҳн шуда, онро дурӯғ гуфтаанд. 

Ҷустуҷӯи акси паёмаки мазкур маълум намуд, ки он акси кӯҳна аст. Расонаи бритониёгии The Sun ин аксро соли 2017 нашр (бойгонӣ) намуда, навишта буд, ки чаҳор мактабхон пас аз истеъмоли “ҳабҳо дар шакли хирсак” дар Манчестери Бритониё ба бемористон интиқол ёфтанд. Пулис мегӯяд, ки ҳолати мазкур маркази шаҳрии Витеншоу ба амал омадааст. Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта шудааст, ки ин хонандагон аз бемористон мураххас шудаанд. 

Ба навиштаи сомонаи Snopes (бойгонӣ) ин акси MDMA (як навъӣ маводи мухаддири сунъӣ, ки аксар вақт экстази ё Молли номида мешавад, барои саломатӣ хатарнок аст) аст, 2016 дар сомонаҳои марбут ба маводи мухаддир (таҳти номи ”Purple Bears w/ 180mg MDMA”) пайдо шудааст, аммо на ба хотири байни кӯдакон паҳн кардан нашр шудааст.

 

Ин паёмак аз куҷо пайдо шуд?

Иттилои бофта дар бораи маводи мухаддири “қулфинайи тез” ё ба англисӣ “Strawberry Quick” дар Амрико соли 2007 пайдо шудааст ва он замон пойгоҳи далелсанҷии Snopes (бойгонӣ) “фейк” будани онро исбот кардааст. 


Аввали соли 2025 ин дурӯғи кӯҳна дубора “зинда” шуда, аз тариқи паёмрасонҳо паҳн гардид.

 

Хулоса

Паёмаки мазкур қариб 18 сол муқаддам бо забони англисӣ паҳн шудааст. Аввали моҳи феврали соли 2025 дубора бо забони русӣ дар байни корбарони кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла тоҷикистониён паҳн гардид. Аммо далелҳои дар паёмак овардашуда, ҳеҷ воқеияте надорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.