ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 9 ФЕВРАЛ

Соли 1940 – Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 2004 – Дар Санкт-Петербург гурӯҳи нажодпарастон духтари 9-солаи тоҷик Хуршеда Султоноваро бераҳмона ба қатл расониданд. Ин ҷиноят боиси эътирози амиқи ҷомеа шуд. Ин моҷаро дар расонаҳо бо номи “Қатли духтари тоҷик” паҳн гардид.

Соли 2008 – Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи маҳдуд кардани воридоти мошинҳои идораашон аз дасти рост ба ҳукми иҷро даромад.

Соли 2011 – Дар Душанбе муаррифии фаъолияти “Фонди сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон” баргузор гардид.

Соли 2019 – Президенти Тоҷикистон қарореро имзо кард, ки тибқи он шаҳрвандони кишвар наметавонанд аз як ширкати моблӣ зиёда аз ду SIM-корт дошта бошанд ва бояд онҳоро танҳо бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 ба қайд гиранд.

Соли 2021 – Вазорати молия лоиҳаи нави Кодекси андозро барои муҳокимаи умумӣ пешниҳод кард. Ҳар як андозсупоранда метавонист то 25 феврал пешниҳодҳои худро изҳор кунад.

Соли 2023 – Тоҷикистон барои кӯмак ба осебдидагони заминларзаи Туркия 50 наҷотбахши касбӣ фиристод.

Соли 2023 – Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон изҳор дошт, ки "Душанбе ба заминларзаҳои қувваи 8,5-9 балл тобовар аст".

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1441 – Мавлуди Алишер Навоӣ, шоир ва мутафаккир.

Алишер Навоӣ

Алишер Навоӣ шоир, мутафаккир ва ходими давлатӣ буда, бо ду забон эҷод мекард ва осори форсиаш бо тахаллусӣ “Фонӣ” эҷод шудааст.

Навоӣ беш аз 30 асар навиштааст, ки машҳуртарини онҳо маҷмӯаи “Хамса” мебошад, ки дар пайравӣ ба “Хамса”-и Низомӣ навишта шудааст.

Ӯ шигирд ё муриди Абдураҳмони Ҷомӣ буд ва нақши ӯро дар зиндагӣ ва эҷодаш беназир арзёбӣ кардааст. Алишер Навоӣ аз Абдураҳмони Ҷомӣ на танҳо ба унвони мураббии маънавиаш, ҳамзамон чун дӯст ва ҳамдаму ҳамрози зиндагиаш бо самимият ва ихлос ном бурдааст. Қарор аст, имсол дар бораи Ҷомиву Навоӣ филм бардошта шавад.

Соли 1918 – Мавлуди Тоҷӣ Султонова, ҳунарпешаи тоҷик.

Тоҷӣ Султонова

Тоҷӣ Султонова зодаи шаҳри Хуҷанд буда, аз соли 1934 то охири умраш дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ҳунарнамоӣ кардааст.

Ӯ дар театр нақшҳои зиёди фаромӯшнашаванда офаридааст. Аз ҷумла нақши Екатерина дар “Раъду барқ”, Ширин дар “Фарҳод ва Ширин”, Лайлӣ дар “Лайлӣ ва Маҷнун”, аз ин қабил аст. Тоҷӣ Султонова соли 2010 аз олам даргузашт.

Соли 1941 – Зодрӯзи Фаррух Муҳаммедов, муҳандиси тоҷик, ихтироъкори ҳавопаймо (авиаконструктор)

Фарух Муҳаммедов

Фаррух Муҳаммедов зодаи шаҳри Душанбе буда, институти инженерии Рига (Латвия)-ро хатм кардааст. Аввалин ҳавопаймои худро соли 1958 дар 17-солагиаш ихтироъ кардааст, ки он “Душанбе-1” ном дошт. Солҳо  корманди кафедраи лоиҳакашии тайёраҳои Институти авиатсионии Маскав буд.

Маҳз бо ташаббуси ӯ дар Тоҷикистон сохтмони корхонаи азими авиатсионӣ, таълими инженерон ва мутахассисони ин корхона дар шаҳрҳои Комсомолски соҳили Амур, Иркутск, Новосибирск, Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия шурӯъ гардид, ки директории сохтмони мазкур ба зиммаи ӯ буд.

Соли 1959 – Мавлуди Абдусалом Қурбонов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон.

Соли 2021 – Шарофиддин Имом, собиқ сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар синни 65-солагӣ бинобар бемории қалб аз олам даргузашт.


Ӯ аз октябри соли 2008 то сентябри соли 2020 сафири Тоҷикистон дар Афғонистон буд. Ӯ ҳамчунин яке аз донишмандони саршиноси кишвар буд, ки то хидмати давлатӣ устоди риштаи робитаҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Номбурда як муддат мушовир ва мушовири калони президенти Тоҷикистон дар бахши рушди иҷтимоӣ ва дар  сиёсати хориҷӣ буд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

9 феврал Рӯзи байналмилалии дандонпизишкон аст. Дандонпизишкӣ яке аз қадимтарин бахшҳои тиб буда, ҳангоми ковишҳои археологӣ дар вилояти Белуҷистони Покистон боқимондаҳои одамоне ёфт шуданд, ки дар асрҳои VI–IV пеш аз милод мезистанд ва дар дандонҳои онҳо сӯрохии қариб идеалӣ бо диаметри 1-3 мм ва чуқурии то 3,5 мм кашф карда шуд.


9 феврал Рӯзи байналмилалии питса аст. Питса, ки аслан ғизои итолиёӣ аст, яке аз маъруфтарин ғизоҳо дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Итолиёҳо ҳатто онро ба UNESCO ҳамчун як мероси фарҳангӣ пешниҳод кардаанд.


9 феврали соли 1895 аввалин бозии расмии волейбол доир гардид. Ин бозӣ аз ҷониби Уилям Ҷ. Морган, муаллими варзиши Коллеҷи Ассотсиатсияи Ҷавонони Масеҳӣ дар Массачусетс “ихтироъ” карда шудааст. Ӯ тӯбро аз болои тор бо баландии 1,98 метр гузаронид ва онро “минтонет” номид, ки баъдан ба “волейбол” (volleyball) иваз шуд.


Қоидаҳои аввалини расмии волейбол дар 1897 нашр шуданд. Шурӯъ аз соли 1922 мусобиқаҳои миллии волейбол баргузор мешаванд. Волейбол аз 28 июли соли 1923 дар Иттиҳоди Шӯравӣ маъмул гардид. Соли 1964 ин бозӣ расман ба бозиҳои олимпӣ ворид карда шуд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 9 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º,  рӯзона 7+12º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2-7º сард то -3+2º, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо  то 0-2º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф борида, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, дар шарқи вилоят шабона 26-31º сард, дар баъзе минтақаҳо то 38-40º сард, рӯзона 9-14º сард, дар баъзе минтақаҳо то 18-20º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон ва барф  пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона 2+4º гарм. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.