Шамигул Зоирова ронандаи автобуси хатсайри №25-и Душанбе аст. Автобуси ӯ, зеъботарин ва ба эҳтимоли зиёд, аз маъруфтарин нақлиёти пойтахт бошад ва ҳар нафаре, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебарад, ин автобусро медонаду ронандаашро мешиносад. Ин автобус бо тозагӣ ва ороиш, худи ронанда бошад, бо муомилаи хуш шинохта шудааст.
Ӯ ҳамагӣ 4 сол пеш, дар 48-солагӣ сари чанбараки автобус нишастааст ва ҳоло мегӯяд, ронандагӣ ва хидмат ба халқ барояш писанд аст. То чор соли пеш ӯ машғули дӯзандагӣ будааст.
“Рӯзе дар назди тиреза машғули дӯзандагӣ будам, ки занеро дар сари чанбараки автобус дидам. Ин бароям аҷиб намуд ва ман низ хостам худро дар ин касб санҷам... Ҳоло бо ин зан ҳар ду ҳамкор ҳастем", - нақл кард Шамигул Зоирова.
Ба гуфтаи Шамигул, кор дар нақлиёти ҷамъитӣ душвориву ҷолибият дорад ва аз онҳо ба "Азия-Плюс" қисса кард.