Имрӯз, 28-уми май, дар Душанбе намояндагии Хадамоти шиносномавӣ-раводидии Вазорати корҳои дохилии Русия расман боз шуд.
Зимни ифтитоҳи ин намояндагӣ, Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев, вазирони умури дохилии Тоҷикистону Русия, Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.
Сомонаи ВКД хабар медиҳад, ки ҳадафи асосии таъсиси намояндагӣ санҷиши пеш аз сафар дар ҳудуди Тоҷикистон буда, шаҳрвандон имкон доранд, ки дар дохили ҷумҳурӣ аз бақайдгирии изи ангушт ва санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Русия гузаранд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ин расмиёт барои омодагии минбаъда ҷиҳати сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирон ба фаъолияти меҳнатӣ мусоидат менамояд.
Таъсиси намояндагии мазкур дар доираи Созишномаи байни Тоҷикистон ва Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия амалӣ карда мешавад.
Ин марказ ба муҳоҷирони кории тоҷик, ки ба Русия мераванд, чӣ медиҳад?
Бояд гуфт, ки Ёддошти тафоҳум барои таъсиси намояндагии Хадамоти шиносномавӣ-раводидии Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 19-уми октябри соли 2022 ба имзо расида буд.
Қаблан, Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “бо кушодани ин намояндагӣ мо мехоҳем расмиёти муҳоҷиратиро барои сабти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти кор дар Русия доранд, осон намоем, мувофиқан, хароҷоти рафтанро кам кунем, ҳуқуқҳои шаҳрвандони худро ҳимоя намуда, будубоши қонунии онҳоро дар қаламрави Русия таъмин кунем”.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз хидматҳои муҳиме, ки дар ин марказ пешбинӣ шудааст, гузаронидани ташхиси изи ангушти онҳое аст, ки мехоҳанд ба Русия барои кор раванд.
Хидматрасонии дигари марказ ба таъкиди Нодирӣ, гузаронидан аз муоинаи тиббӣ, супоридани имтиҳони забони русӣ, таърих ва қонунгузории ин кишвар ва супоридани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани суғурта мебошад.
“Вақте маълум мешавад, ки ба касе вуруд ба Русия манъ аст, ӯ ба ватан ихроҷ мешавад ва хароҷотҳо дар ин ҳолат ҷуброн намешаванд. Аз ин рӯ, мехоҳем, ки ин расмиёт дар кишвари мо гузаронида шавад, то ки бо роҳи муайян кардани изи ангуштон шаҳрванд итминон ҳосил кунад, ки ӯ дар феҳристи шахсоне, ки ба Русия вуруд карданашон манъ шудааст, вуҷуд надорад”, - гуфта буд Нодирӣ.
Бо гузашти се рӯз муҳоҷир аз Тоҷикистон истода посух мегирад, ки ӯ барои рафтан ба Русия иҷозат дорад ё не. Баъди гирифтани посухи мусбат метавонад ба Русия рафта, дигар расмиёти заруриро гузарад.
Ҳамзамон, Шаҳноза Нодирӣ таъкид намуда буд, ки агар пештар бархе метавонистанд бо роҳҳои гуногун, масалан, тағйири ному насаб ба ин кишвар дубора ворид шаванд, ҳоло ин кор ғайриимкон аст.
“Маълумоти муҳоҷири меҳнатӣ, ки қаблан дар Русия буд, аллакай дар феҳристи Русия вуҷуд дорад. Ҳатто агар шахс маълумоти худро (насаб ё ном) тағйир диҳад ва кӯшиши ворид шудан ба қаламрави Русияро кунад, шахсияти ӯ аз рӯи изи ангуштон муайян карда мешавад. Дар ин ҳолат ӯ метавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад”, - гуфт Нодирӣ.
Намояндагӣ чӣ гуна фаъолият мекунад?
Муовини вазир қайд карда буд, ки изи ангуштон маълумоти шахсии шаҳрванд мебошад ва худи намояндагӣ ҳуқуқи тафтиши онро нахоҳад дошт.
“Намояндагӣ экспертизаро мегузаронад, маълумот ба ВКД Тоҷикистон фиристода мешавад ва онҳо, дар навбати худ, изи ангуштонро тавассути каналҳои худ ба ҳамкоронашон дар Русия мефиристанд”, - гуфта буд ӯ.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, дар доираи Ёддошти имзошуда имкони додани шаҳодатномаи тиббӣ ба муҳоҷирон дар Душанбе баррасӣ мешавад.
“Мо лоиҳаи пилотиро дар Ӯзбекистон баррасӣ кардем ва мушкилиҳое, ки ҳамсояҳоямон дар натиҷаи татбиқи он бо сабаби баъзе номувофиқатӣ дар қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқии мақомоти ду кишвар дучор шуданд, ба назар гирифта, дар кишвари худ система сохтем.
Барои ин зарур аст, ки вазорати тандурустии мо тибқи тартиби муқарраршуда ба хадамоти тиббии Русия, ки дар Тоҷикистон ҷойгир мешавад, дастрасӣ диҳад, то ки таҳқиқоти лабораторӣ гузаронида, ба онҳо мувофиқи қонунгузории Русия хулосаҳои тиббии дахлдорро пешниҳод кунанд”, - гуфта буд Нодирӣ.
Масалан, ба гуфтаи ӯ, хадамот метавонад тафтишотро барои муайян кардани бемориҳои сироятӣ, мисли СПИД, сил ва ғайра, ки дар миёни тоҷиконе, ки ба хориҷ мераванд, анҷом диҳад.
Дар баробари ин, ният доранд, ки имтиҳони мураккабро аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия бо додани сертификати мувофиқ дар қаламрави Тоҷикистон низ гузаронанд.
“Агар шаҳрвандони мо расмиёти зикршударо дар ин ҷо гузаранд ва ҳамчунин кордиҳандаи мушаххас муайян гардад, ки бо ӯ шартномаи меҳнатӣ мебандад, пас тавассути намояндагӣ маълумоти дахлдор ба Русия фиристода мешавад, ки ӯ ҳамаи расмиётро гузаштааст. Ва ҳангоми будубоши худ дар Русия, ӯ танҳо маблағи заруриро барои патент пардохта, ҳуҷҷатро мегирад”, - гуфта буд Нодирӣ.
Намояндагӣ дар куҷо дар Душанбе ҷойгир мешавад?
Дар хабари ВКД суроғаи аниқи ин намоянгдагӣ гуфта нашудааст. Вале он замон Шаҳноза Нодирӣ гуфта буд, ки эҳтимол, он дар наздикии Хадамоти муҳоҷирати кишвар ҷойгир мешавад, ки ҳамчунин “Маркази машваратӣ ва омодасозии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар» дар Душанбе дар суроғаи кӯчаи Айни, 121 ҷойгир аст.