Имрӯз дар Бонки давлатии «Амонатбонк» (09:00), Агентии содирот (10:00), Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм (11:00), Палатаи савдо ва саноат (15:00), ҳукуматҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ (09:00) ва ноҳияи Сино (14:00), Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат (10:00) оид ба натиҷаи фаъолият дар соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 7 ФЕВРАЛ
Соли 2002 – Дар Душанбе бори аввал вохӯрии донорҳо ва муассисаҳои молиявии байналмилалӣ бо намояндагони сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон баргузор гардид.
Соли 2008 – Фармони президент дар бораи “Вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” ба имзо расид. Дар асоси он мансабдорон уҳдадоранд, ки ба ҳар як мақолаи танқидӣ ва таҳлилии рӯзноманигорон вокуниш кунанд. Чизе ки дар амал қариб, ки иҷро намешавад.
Соли 2018 – Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон маҳдудияти синнусолиро барои номзадҳо ба мақоми президентӣ тасдиқ кард.Акнун номзад бояд на камтар аз 30-сола бошад.
Соли 2019 – Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ”-ро қабул кард. Мувофиқи он минбаъд шахсоне, ки қаблан барои содир кардани ҷинояти қасдан содиршуда маҳкум шудаанд, ҳаққи кор дар мақомоти давлатиро надоранд.
Соли 2020 – Роҳбарияти “Тоҷик Эйр” эълон кард, ки тақрибан нисфи кормандонаш бинобар ихтисор ва ба нафақа рафтан аз даст додааст.
Соли 2022 – Роҳбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон изҳор дошт, ки “нақшаи генералии Душанбе ҳуҷҷати махфӣ мебошад”.
Соли 2022 – Сафири нави Белгия дар Тоҷикистон ба Душанбе омад.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1910 – Мавлуди Миркарим Саидов, коргардон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Соли 1949 – Мавлуди Маҳбуба Неъматзода, шоири тоҷик.
Маҳбуба Неъматзода, ки асосан барои кӯдакону наврасон эҷод мекунад, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси рӯзноманигорӣ хатм ва минбаъд дар ин ришта фаъолият кардааст.
Ӯ муаллифи чандин китобҳои шеъру ҳикоя ва афсонаҳо буда, маҷмуаҳои “Духтари заргар”, “Меҳрубон”, “Гиря кунам ё ки на?”, “Модари ҷон, модарам” аз ҷониби кӯдакону наврасон хуш пазируфта шудаанд.
Соли 1988 – Мавлуди Нозияи Кароматуллоҳ, овозхони шинохтаи тоҷик.
Ӯ фарзанди Кароматуллоҳ Қурбонов, сарояндаи маъруфи тоҷик буда, дар мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова ва Консерваторияи Ҳиндустон таҳсил кардааст.
Ӯ соли 2006 ба саҳнаи санъати тоҷик қадам ниҳода, то имрӯз чандин сурудҳои марғуб офаридааст. Таронаҳои “Нагӯ, нагӯ”, “Бе ту мемирам”, “Майда, майда”, “Биёӣ”, “Дареғ” намунаи таронаҳои маъруфи ӯянд.
Ҳоло Нозияи Кароматулло узви ансамбли эстрадии “Ориё”-и Кумитаи телевизион ва радио аст, ки бародараш Муҳаммадрофии Кароматулло роҳбари бадеии ҳамин ансамбл мебошад.
Соли 2010 – Фаррух Қосим, ҳунарпеша ва коргардони маъруфи театри тоҷик ва асосгузори театри “Аҳорун” дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт.
Фаррухи Қосим 17 сентябри соли 1948 дар хонаводаи ҳунармандони саршиноси театр ва синамои тоҷик, Муҳаммадҷон Қосимов ва Мушаррафа Қосимова чашм ба олами ҳастӣ кушод. Ӯ фаъолияти ҳунарии худро дар Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ оғоз намуда, 20 сол ба унвони ҳунарпеша ва коргардон кор кард ва баъдан дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба коргардонӣ пардохт.
Театри “Аҳорун” маҳз бо ташаббуси Фаррух Қосимов ба фаъолият шурӯъ кард ва худ то охири умр коргардони ин театр буд.
Бо коргардонии Фаррухи Қосим намоишномаҳои “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон…”, “Даҷҷол”, “Исфандиёр”, “Шоҳ Фаридун”, “Хонасӯзон” рӯйи саҳна омадаанд, ки санъати театри тоҷикро ба хориҷиён низ муаррифӣ карданд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Соли 1895 бандари Хоҷибей ба Одесса тағйири ном кард. Дар ибтидои солҳои 1760-ум туркҳо дар маҳаллаи Хоҷибей як қалъаи хурд бунёд карданд. Дар ҷанги Русияву Туркия дар моҳи сентябри соли 1789, ин қалъа аз ҷониби отряди рус таҳти фармондеҳии генерал Осип Дерибас ишғол гардид.
Моҳи майи соли 1794 тарҳи бандар ва шаҳр тасдиқ шуд ва соли 1795 бандари нав киштиҳоро қабул мекард. Шаҳр ба яке аз марказҳои бузурги тиҷорати хориҷии Русия табдил ёфт. Бо амри Екатеринаи II, шаҳр ба Одесса номгузорӣ шуд.
7 феврали соли 1568 аврупоиҳо ҷазираҳои Соломонро кашф карданд. Дар ин рӯз маллоҳи испанӣ Алваро Мендания де Нейра, ки бо ду киштӣ аз бандари Каляои Перу ба сафар баромада буд, пас аз се моҳи шино дар самти ғарб, ба шарқи Гвинеяи Нав ба гурӯҳи ҷазираҳо расид.
Мендания онҳоро Ҷазираҳои Соломон номид, зеро бовар дошт, ки ин ҳамон сарзамини Офир аст, ки мувофиқи ривояти библиявӣ, аз он ҷо ба шоҳ Сулаймон тилло ва ҷавоҳирот барои ороиши маъбади Эрусалим оварда мешуд.
Имрӯз ҷазираҳои Соломон як давлатест дар қисми ҷанубу ғарбии уқёнуси Ором, дар минтақаи Меланезия ҷойгор аст. Он аз 992 ҷазира иборат буда, пойтахташ шаҳри Хониара мебошад.
7 феврали соли 1863 муҳандис Алан Крей дар ИМА аввалин оташхомӯшкуни патентшуда (огнетушител)-ро ихтироъ кард.
Ихтироъкор Шефтал бошад дар охири асри XIX оташхомӯшкунаки тарканда бо номи “Пожарогаз”-ро сохт, ки бомуваффақият таблиғ ва фурӯхта шуд. Бо мурури замон, оташхомӯшкунакҳои бо маводи хокаӣ пайдо шуданд, ки то имрӯз истифода мешаванд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 7 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, рӯзона 1+6º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 6+11º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 7-12º то 2-4º сард, рӯзона аз 2+7º гарм то 2-4º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф меборад. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 32-37º то 24-29º сард, рӯзона 11-16º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 14+16º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боришоти сусти барф дар назар аст. Ҳарорат: шабона 9-11º сард, рӯзона 0+2º гарм.
Кӣ ба муҳоҷири тоҷик кумак мекунад? Ёддошт ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Дар Душанбе технопарки муштараки саноатии Тоҷикистону Русия сохта мешавад
“Бароям муҳим аст, ки хонанда баъди хондани осорам ба фикр фурӯ равад”. Сорбон 85-сола шуд
“Бо умед хона харидем, вале ҳанӯз иҷора мешинем”. Шикояти сокинон аз бинои нотамом ва ваъдаи ширкати сохтмонӣ
Содирот кам аст. Тоҷикистон истеҳсоли сементро коҳиш додааст
Рӯзҳои истироҳатӣ ҳаво дар Тоҷикистон хунук мешавад
Тафтиши парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” ба охир расидааст
Дар Тоҷикистон кӣ ва чанд пул маош мегирад?
“Каме бемор буданд”. Президенти Академияи миллии илмҳо сабаби таҷлил нашудани 85-солагии Акбар Турсонро гуфт
Мизи мудаввар оид ба натиҷагирии 29-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29)
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста