Як гурӯҳи соҳибкорон ба сабукиҳо барои тиҷорат дар лоиҳаи Кодекси нави андоз, ки танҳо барои амалиёти ғайринақдӣ пешбинӣ шудаанд, назари манфӣ доранд, ки Кумитаи андоз бо онҳо розӣ нест.
Раиси Кумита Нусратулло Давлатзода зимни нишасти хабарии рӯзи 18 феврал дар ин робита изҳор намуд, ки дар лоиҳаи нав қариб барои ҳамаи андозсупорандагон сабукиҳо пешбинӣ шудааст.
“Ин хел сатҳӣ хулоса баровардан лозим нест, бо матни лоиҳа шинос шуда, онро бо Кодекси амалкунанда муқоиса кунед”, - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи Давлатзода, афзалият додан ба амалиёти ғайриннақдӣ дар Кодекси нав барои он пешбинӣ шудааст, то ки андозсупорандагон ҳавасманд гардида, минбаъд бар асоси амалиёти ғайринақдӣ кор кунанд: “Дар саросари ҷаҳон аллакай ба чунин тарзи кори ғайринақдӣ гузашта истодаанд”.
Ба савол дар бораи таносуби амалиёти нақдӣ ва ғайринақдӣ Давлатзода посух дод, ки ҳозир дар ин бора маълумот надорад.
Давлатзода таъкид дошт, ки лоиҳаи Кодекси нав бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамдастӣ бо коршиносони байнулмилалӣ ва назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия шудааст.
Зимнан илова шуд, ки айни замон лоиҳаи Кодекси нав мавриди баррасии ҷомеа қарор дошта, бояд моҳи март ба ҳукумат пешниҳод гардад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.