Дар соли 2022 ҳукумат аз 33 млрд сомонӣ (зиёда аз 2,9 млрд доллар) даромад ба буҷет интизорӣ дорад, ки 19,4% бештар аз соли 2021 аст.

Дар сохтори даромадҳо 62% ба андозҳо, 26% - гранту қарзҳо, 4,5% - маблағҳои ғайриандозӣ ва 7,5% - ба маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ рост меояд.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети соли оянда зиёда аз 33,6 млрд сомонӣ (ҳудуди 3 млрд доллар) муқаррар шудааст, ки 19,5% зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст.

Ҳудуди 44%-и хароҷот ба соҳаҳои ҳифзшудаи иҷтимоӣ - маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мешаванд.

Байни дигар соҳа ва бахшҳо комплекси таъминоти сӯзишвориву энергетикӣ зиёдтар - беш аз 6 млрд сомонӣ мегирад, ки нисфи ин маблағ ба идома сохтмони неругоҳи “Роғун” равона мегардад.

Тағйири назаррас дар хароҷоти буҷетро метавон бекор шудани “муҳри махфӣ” дар хароҷоти умумӣ ба мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тартиботи ҷамъиятӣ ва судҳо ном бурд. Соли 2022 ба ин сохторҳо ҳудуди 2,3 млрд сомонӣ (205 млн доллар) ҷудо мешавад, ки зиёда аз 6,8%-и хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

 


Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.