Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 30 январ хабар дод, ки соли 2022 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 54,3 млн доллар зиёда аз 191 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ интиқол дода шуд.
“Ин миқдор 17,6 ҳазор тонна камтар нисбат ба соли 2021 буда, лекин аз рӯи маблағ 17,6 млн доллар зиёдтар аст, - гуфт ӯ. - Зиёда аз 40% аз ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзиро сабзавот - 76,6 ҳазор тонна ташкил медиҳад, аз ҷумла 66,6 ҳазор тоннааш пиёз”.
Ба гуфтаи вазир, ҳаҷми содироти мева 29% аз ҳаҷми умумӣ ё худ 54,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
“Харидорони сабзавот ва меваи Тоҷикистон кишварҳои ИДМ (92%), асосан Русия ва Қазоқистон мебошанд”, - иброз дошт Ҳакимзода.
Зимнан зикр шуд, кидар соли 2023 ба парвариши пахта, картошка, пиёз ва сабзӣ афзалият дода мешавад.