Ин маблағгузорӣ дар ҳаҷми 50 миллион доллари ИМА дар доираи барномаи GEFF II ба хонаводаҳо ва ширкатҳои агробизнес кӯмак хоҳад намуд.
- БАТР ва ХИС Барномаи маблағгузории иқтисоди сабз дар Тоҷикистон II-ро ба маблағи 50 миллион доллари ИМА оғоз мекунанд.
- Барномаи GEFF-и нав барои пешбурди технологияҳои сарфакунандаи нерӯ ва захираҳо нигаронида шудааст.
- Дастгирии техникӣ аз ҷониби Ҷумҳуриҳои Корея ва Австрия сурат мегирад.
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) маблағҳои навро барои беҳтар кардани дастрасӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва технологияҳои сабз барои корхонаҳо ва хонаводаҳо дар Тоҷикистон - кишваре, ки аз таъсири манфии тағйирёбии иқлим осеби бисёр дидааст, ҷудо менамояд.
Бастаи маблағҳои Барномаи Маблағгузории Иқтисоди Сабз дар Тоҷикистон II (GEFF Tajikistan II) дар ҳаҷми 50 миллион доллари ИМА, ки аз ҷониби БАТР ва Хазинаи Иқлими Сабз (ХИС) роҳандозӣ шудааст, барои баланд бардоштани стандартҳои самаранокии нерӯ ва захираҳо мусоидат намуда гузариши кишварро ба иқтисоди сабз дастгирӣ менамояд. Барномаи GEFF Тоҷикистон II қарзгирандагони манзилӣ ва тиҷоратиро барои сармоягузорӣ ба технологияҳои сабз ва инноватсионӣ, дар истифодаи самаранокии об ва идоракунии устувори замин мусоидат ва ҳавасманд хоҳад намуд, ки тавассути сомонаи барнома дастрас аст. Ҳамчунин барномаи мазкур ба соҳаи агросаноатии кишвар, ки тақрибан нисфи аҳолии қобили меҳнати Тоҷикистон он ҷо машғули кор буда, беш аз 22,5 дарсади ММД ба дӯши онҳо мебошад, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир хоҳад намуд.
То 13 миллион доллари ИМА аз маблағи умумӣ, аз он ҷумла 11 миллион доллари ИМА дар доираи GEFF Тоҷикистон II, ба се ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон: Бонки «Арванд» (4 миллион доллари ИМА), ташкилотҳои қарзии хурди «Ҳумо» (5 миллион доллари ИМА) ва «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» (4 миллион доллари ИМА) ҷудо карда мешавад. Ташкилотҳои мазкур дорои махзани мизоҷон, ки беш аз 540,000 нафар мебошанд ва ҳатто дар манотиқи дурдасти кӯҳистони кишвар фаъолият намудани онҳо ба пешниҳоди заруртарин қарзҳои сабз барои ҳатто хурдтарин мизоҷон дар саросари Тоҷикистон имконияти хуб фароҳам меорад.
Механизми нав дар заминаи Барномаи маблағгузории иқтисоди сабз дар Тоҷикистон I (GEFF Tajikistan I) ба маблағи 25 миллион доллари ИМА таъсис ёфтааст, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) дастгирӣ ва дар байни солҳои 2019 то 2023 амалӣ карда шудааст. Он зиёда аз 4,600 зерлоиҳаро дастгирӣ намудааст, ки дар маҷмӯъ боиси сарфаи нерӯи зиёда аз 24,000 МВт/с, коҳиши партовҳои CO2 ба андозаи 5,195 тонна ва камшавии сарфи об ба миќдори 5.2 миллион м3 дар як сол гардидааст.
GEFF Tоҷикистон II аз ҳисоби маблағгузории шарикони рушд Ҷумҳуриҳои Кореяву, Австрия ва ХИС дастгирӣ карда мешавад. Лоиҳа ислоҳоти сиёсати ҳамкориро бо Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани иқтидор ва идоракунии хавфҳои иқлимӣ дар бонкҳои ширкаткунанда нигаронида шудааст, дастгирӣ менамояд.
Барномаи GEFF-и БАТР фаъолияти худро соли 2006 оғоз намуда буд ва он ҳоло дар 29 кишвари ҷаҳон амалӣ шуда истодааст. То имрӯз дар доираи ин барнома маблағҳои беш аз 6,3 миллиард евро ба зиёда аз 230,000 мизоҷон пешниҳод шудаанд.
Соли 2023 БАТР 30-юмин солгарди ҳамкории худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамояд. То имрӯз БАТР бо дастгирии тақрибан 160 лоиҳа ба маблағи беш аз 900 миллион евро дар кишвар сармоягузорӣ кардааст.