Истеҳсоли неруи барқ ​​аз офтоб ва бод (шамол) бо суръати баланд арзон шуда истодааст. Ин дар ҳолест, ки арзиши истеҳсоли барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ (НБО) дар ҳоли афзоиш буда, илова бар ин, поинравии шадиди нархи аккумуляторҳо барои захираи неруи барқ, ба иқтидорҳои неругоҳҳои барқи обӣ рақобати ҷиддие ба вуҷуд меорад.

Коршиносони эътилофи байналмилалии экологии «Дарёҳои бидуни марз» (Rivers without Boundaries) бо такя ба маълумоти нав дар бораи рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБЭ) ба чунин хулоса расидаанд. Иттилоияи ин ташкилот дар ихтиёри «Азия-Плюс» қарор дорад.

Агентии байналмилалӣ оид ба энергетикаи барқароршаванда (IRENA) гузориши солонаи «Арзиши истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар соли 2023»-ро нашр кард. Дар гузориш зикр мешавад, ки афзоиши фарқият дар арзиши аслии истеҳсоли неруи барқ ​​миёни неруи барқи офтобӣ ва барқи обӣ (гидроэнергетика) дар саросари ҷаҳон идома дорад.

Соли 2022 энергияи НБО-ҳои нав 20% гаронтар аз энергияи неругоҳҳои офтобӣ буд, аммо дар соли 2023 ин фарқият аллакай ба 30% расида, ба ақидаи коршиносон, ин омил ҳангоми тарҳрезии сохтмони иқтидорҳои нави энергетикӣ нақши ҳалкунанда мебозад.

Экологҳо зикр мекунанд, ки сохтани иқтидорҳои нави гидроэнергетикӣ дар соли 2023 ба ҳар киловатти қувваи насбшуда 2800 доллар харҷ дошт, ки ин 3,5-4 маротиба гаронтар аз нерӯгоҳҳои офтобӣ, 2,5 маротиба гаронтар аз нерӯгоҳҳои бодии заминӣ ва тақрибан баробар бо арзиши сохтмони нерӯгоҳҳои бодии баҳрӣ мебошад. Дар ҳамин ҳол, муҳлати миёнаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ 7-10 маротиба тӯлонитар аз неругоҳҳои офтобӣ ва 5 маротиба дарозтар аз неругоҳҳои бодӣ мебошад.

Ба ин тариқ, дар солҳои наздик ягона бартарии нисбии неругоҳҳои барқи обӣ метавонад танҳо қобилияти танзими тағйирёбии (маневрии) истеҳсоли барқ ​​дар тӯли шабонарӯз боқӣ монад. Аммо дар ин самт низ НБО бо рақобати ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Ба назари коршиносон, ҳоло дар ҷаҳон афзоиши шадиди иқтидорҳои захира кардани неру ба мушоҳида расида, ҳамзамон онҳо арзон мешаванд. Масалан, истеҳсоли аккумуляторҳо дар як соли охир қариб се маротиба афзуда (аз 36 то 96 гигаватт-соат), нархи он аз 358 то 273 доллар барои 1 киловатт-соати иқтидори батарея поин рафтааст.

«Қисми зиёди аккумуляторҳо имрӯз дар якҷоягӣ бо неругоҳҳои офтобӣ истифода мешаванд, то ки норасоии барқро дар вақти шабона ҷуброн кунанд. Масалан, Ӯзбекистон дар нақша дорад, ки то соли 2030 бо иқтидори 20 ГВт неругоҳҳои офтобӣ ва бодиро ба кор дарорад ва дар баробари ин, 4,2 ГВт аккумуляторҳоро барои захираи неруи барқ насб кунад», — мегӯяд ҳамоҳангсози эътилофи байналмилалии «Дарёҳо бидуни марз» Евгений Симонов.

Дар амал ин маънои онро дорад, ки сохтани неругоҳҳои офтобӣ ($758 барои 1 кВт қувва), ки бо аккумуляторҳо барои захираи неру дар тӯли 2-4 соат ($253 барои 1 кВтсоат) муҷаҳҳаз шудаанд, ҳоло нисбат ба сохтани иқтидорҳои нави қобили тағйири (маневрии) неругоҳҳои барқи обӣ (тақрибан $1000-1500 барои 1 кВтсоат) хеле арзонтар аст.

«Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарур аст, ки нақшаҳои рушди низомҳои энергетикии худро дар самти чунин комбинатсияҳо (омехтагиҳо)-и энергетикӣ бознигарӣ кунанд, ки метавонанд дар кӯтоҳтарин фурсат минтақаро бо нерӯи арзон ва боэътимод таъмин кунанд ва дар баробари ин, таъсири манфӣ ба муҳити зистро ба ҳадди ақал расонанд. Ва дар ин нақшаҳо дигар барои неругоҳҳои нави барқи обӣ ҷой нахоҳад монд», — таъкид мекунад директори минтақавии эътилофи экологии «Дарёҳои бидуни марз» Александр Колотов.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.