Мусиқии суннатии тоҷик – “Фалак”, ки пайдоишашро ба қарни X рабт медиҳанд, аз қадим ҳамчун намуди волои ҳунари ҳирфаӣ тарғиб мешуд ва пайванди маънавии имрӯзу дирӯз аст. Дар Тоҷикистон низ шуруъ аз соли 2007 ҳамасола 10-октябр ҳамчун Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад ва соли 2021 “Фалак”-и тоҷикӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият шомил гардид. Дар баробари он ки дар Тоҷикистон санъаткорони асили ин жанр, чун Одина Ҳошим, Давлатманди Хол, Гулчеҳра Содиқова, Файзалӣ Ҳасанов, Маҳмадсафар Муродов барин ҳунармандон маҳз бо иҷрои ин навъи мусиқӣ шуҳратёр гардидаанд, ҷомеаи имрӯз нигаронӣ дорад, ки фардои Фалак чӣ гуна хоҳад буд, дар ҳоле ки аксарияти ҷавонон ба “реп”-у дигар навъҳои замонавии мусиқӣ майл доранд.

Ҷавоне, ки имрӯз дар борааш қисса мекунем, аз шогирдони мактаби бузурги фалаксароӣ буда, гумони “камхаридор” шудани фалакро ботил меҳисобад.

Манучеҳр Бурҳонов, ки аллакай дар 25-солагиаш декани факултаи мусиқии суннатии тоҷики Консерваторияи миллӣ ба номи Талабхӯҷа Сатторов интихоб гардида буд, аз асрори муваффақияти худ ва вижагиҳои фалак гуфт.

 

“Ҳатто боре фикри дурӣ аз фалакро накардаам”

Манучеҳр Бурҳонов кӯдакиашро дар деҳа бо кори саҳро сипарӣ кардааст. Аввалин шарораҳои муҳаббат ба Фалак замоне дар дилаш аланга гирифт, ки аз радио иҷрои фалаксароёни маъруфи кишварро гӯш мекард.

“Замони кӯдакии мо радио таҷҳизоте буд, ки ҳангоми иҷрои кори саҳро ҳатман ҳамроҳ мегирифтем ва он замон асосан навъҳои суннатии мусиқии тоҷик, махсусан Фалаку Шашмақом гузошта мешуд ва шояд он замон меҳри фалак дар дилам ҷо гирифта бошад”, - мегӯяд ҳунарманди ҷавон.

Дар хонаводаи ӯ, ки амакҳояш низ ҳунарманд будаанд, муҳити фарҳангӣ ҳукмрон ва тамоми навъи асбобҳои мусиқӣ мавҷуд будааст.

“Маҳмадсафар Муродов, яке аз фалаксароёни мумтози кишварро борҳо дар хонаамон дидаам, ки барои тамрин меомад”, - мегӯяд ӯ.

Баъдан дар мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Малика Собирова (ҳоло ба номи Миратулло Атоев) таҳсилро оғоз намуда, ҳатто дар ин замон аввалин клип-таронаи худро сабт кард. Баъди хатми мактаб-интернат тариқи роҳхат ба факултаи мусиқии суннатии Консерваторияи миллӣ, ихтисоси фалакхонӣ шомил гардид. Аллакай ҳангоми донишҷӯ будан ба ҳайси омӯзгор дар Консерватория фаъолиятро шуруъ кард ва нахуст соли 2017 муовини декани факултети мусиқии суннатии тоҷик ва баъди соле ҳамчун декани ин факултет фаъолиятро идома дод.


“Меҳри Фалак дар дилам ба ҳадде устувор маъво гирифтааст, ки ҳатто боре фикр накардам, аз фалак дур бошам. Ҳатто баъди ба Душанбе омадан, ки аксар мардум ба сурудҳои академиву эстрадӣ такя мекарданд, ишқи ман ба фалак кам нашуд”, - илова кард ӯ.

Аввалин устодаш Файзалӣ Ҳасанов буд, ки дар давраи таҳсил дар зинаи бакалавриат ӯро таълим дода. Баъдан бо ҳунарманди шинохта Саъдулло Каримзода анъанаи устоду шогирдиро идома дода, бо ӯ қариб тамоми навъҳои фалакро азхуд ва дар ин навъҳо сурудҳо иҷро намудааст.

 

“Ҳар кас фалаксаро шуда наметавонад”

Манучеҳр Бурҳонов бар он бовар аст, ки фалаксаро метавонад аз ӯҳдаи иҷрои дигар навъҳои мусиқӣ низ барояд, вале масалан, сарояндаи эстрада ва бахшҳои дигари мусиқӣ наметавонад фалак сарояд. Зеро фалак маҳорат ва овози хосаро тақозо мекунад ва чанд мушкилоти дигар дорад.

“Аз ҷумла, фалаксаро дар баробари овозхонӣ кардан аз уҳдаи навохтани асбобҳои бунёдии фалак, ба мисли ғижжак ва думбура барояд. Аз ин рӯ, на ҳар кас фалаксаро шуда метавонад. Бинед, фалаксароён ангуштшуморанд”, - тавзеҳ медиҳад ӯ.

Мавзӯи фалак, ки қаблан иборат аз розу ниёз, сӯзу гудоз, шикоят ва ноҷӯриҳои зиндагӣ буд, имрӯз фарохтар шудааст ва фалаксароён дар ин баробар шеърҳои ошиқона ва ифодакунандаи шодиву нишот ва лаҳзаҳои фараҳбори зиндагиро низ интихоб мекунанд. Махсусан, навъҳои фалаки паррон, дарӣ ва силсилаи фалаки шод аз силсилаи асарҳое иборатанд, ки матнҳои шӯх дорад.

“Банда аслан ба шеъру ғазалҳои шоирони классик, ба мисли Бедил, Ҳофиз, Мавлоно, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Туғрал такя мекунам. Дар ин жанр матнҳои подарҳаво интихоб намешаванд, шеърҳое интихоб мешаванд, ки дорои мазмуни баланд бошанд. Ҳамчунин шеъри сафед низ барои иҷрои фалак созгор нест ва интихоб намешавад. Ҳар як ҳунарманд сарфи назар аз синну сол кӯшиш мекунад, ки дар такя ба фалакҳои асл матнҳои воло интихоб, иҷро ва пешкаши ҳаводорон гардонад”, - мегӯяд Манучеҳр Бурҳонов.

Ба гуфтаи Манучеҳр Бурҳонов, ки роҳбари факултети мусиқии суннатии тоҷик аст, дар Консерватория аз соли 2014 инҷониб ҳамасола “Шомҳои фалакхонӣ” баргузор мегарданд ва донишҷӯёну устодони Консерватория силсилаасарҳоеро, ки дорои мавзуъҳои мухталиф буда, дар навъҳои гуногуни фалак эҷод шудаанд, пешкаши ҳаводорони фалак мегардонанд.

 

Бедории фикрии ҷавонон

Дар замоне, ки ҷомеа аз рӯ овардани аксари сарояндагон ба сурудҳои каммазмуну “дуздида” ва ҳамчунин таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон ба онҳо нигаронӣ доранд, ин овозхони ҷавон мегӯяд, ки дар 7-8 соли охир боло рафтани таваҷҷуҳи ҷавононро ба фалак мушоҳида кардааст.

“Айни ҳол таваҷҷуҳи на танҳо ҷавонон, балки кулли ҷомеа ба фалак зиёд шудааст. Солҳои охир дар дилхоҳ мавзеъ, хоҳ ҷои кор, хоҳ дар кӯча ё маконҳои фароғатӣ мушоҳида мекунам, ки ҳар нафаре, ки дар даст телефон дорад, дар баробари дигар жанрҳои мусиқӣ, фалак низ гӯш мекунад”, - зикр мекунад ӯ.

Ӯ инро бедории фикрии ҷавонон тафсир мекунад, зеро шеърҳое, ки дар фалак истифода мешаванд, дорои хусусияти баланди тарбиявианд. Ӯ мегӯяд, “ҳатто тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ метавонед инро баҳо диҳед. Масалан, ҳар нафаре дар инстаграм ва ё фейсбук саҳифаи худро дорад, мекӯшад шоҳбайте ё мӯҳтавоеро расонаӣ кунад, ки дорои мазмун бошад".

 

Натиҷаи экспедитсияи мусиқӣ-этнографӣ чӣ шуд?

Соли 2017 бо дастгирии Фароғат Азизӣ, собиқ ректори Консерваторияи миллӣ як гурӯҳ омӯзгорони факултети мусиқии суннатӣ барои дарёфти намунаҳои олии мусиқии суннатӣ ба экспедитсияи мусиқӣ-этнографӣ ба минтақаҳои гуногуни Кӯлобу Бадахшон рафтанд. Манучеҳр Бурҳонов низ дар ин ҳайат шомил буд.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи ин экспедитсия тақрибан 60 нафар фалаксароён аз ин ду манотиқи кишвар, ки фалак бештар рушд ёфтаааст, дарёфт гардидаанд, ки синну соли баландтаринашон то 85-90 ва хурдтаринашон ба 27-28 мерасад.

“Ҳар як ҳунармандро ҳам сабти овозӣ ва ҳам видеоӣ карда, баргаҳо тартиб додем ва тамоми маълумотро оид ба он ки ҳунарманд чанд ва кадом асбобро менавозад, чанд ғазал ё рубоӣ медонад, кадом навъҳои шеъриро зиёдтар истифода мебарад, такя ба кадом шоирон оҳанг эҷод мекунад, куҷо кор кардааст, аз кадом солҳо шавқу рағбаташ нисбат ба фалак зиёд шуд, устодаш ва шогирдонаш кӣ, лауреати кадом озмунҳо ҳаст ё нест, кадом ҷоизаҳоро гирифтааст, ҷойгир кардем”, - мегӯяд Бурҳонов аз натиҷаи экспедитсия.

Ҳамчунин, баъди ин экспедитсия бо номи “Экспедитсияи этнографӣ” китобе чоп шудааст, ки айни ҳол дастрасӣ тамоми мактабҳои мусиқии кишвар аст.


Манучеҳр Бурҳонов, ки худ барандаи “Шоҳҷоиза”-и озмуни “Тоҷикистон – ватани азизи ман” дар соли 2023 гардида буд, саҳми ин озмунро дар кашф ва муаррифии ҷавонони соҳибистеъдод босазо арзёбӣ кард. Ин дар ҳолест, ки баъзеҳо нигаронӣ доранд, ки иштирокчиёни озмун баъди ҷамъбасти озмун ва соҳиби ҷоиза шудан аз саҳна нопадид мегарданд.

“Бисёр ҷавононе ҳастанд, ки орзуи таҳсил дар муассисаҳои бонуфузи мусиқӣ, чун Донишкадаи санъату Консерваторияи миллӣ доранд, вале бо сабабҳои иқтисодӣ наметавонанд ба ин орзуи худ расанд. Ин озмун бошад, ба чунин ҷавонон имкон фароҳам меорад, ки ҳам шароити иқтисодии худро беҳтар кунанд ва ҳам дар муассисаи олии дилхоҳашон таҳсил кунанд. Солҳои охир зиёда аз 30 дарсади довталабоне, ки ба консерватория ҳуҷҷат месупоранд, маҳз ғолибони ҳамин озмунанд”, - мегӯяд фалаксаро.

Дар Тоҷикистон Рӯзи Фалак ҳамасола бошукӯҳ таҷлил мегардад. Аз ҷумла имсол дар Консерваторияи миллӣ, Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе, Театри академӣ-дарамавии ба номи Лоҳутӣ барномаҳои консертӣ доир шуданд.

Имрӯз, 10 окябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён таҳти унвони “Садои дил” баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.