Соли гузашта қарзи ҶСК “Ширкати алюминии Тоҷикистон” (ТАЛКО) аз истифодаи барқ қариб 220 млн сомонӣ ё 62% зиёд гардида, ба ҳолати 1-уми январи соли 2025-ум 571,5 миллион сомонӣ расидааст. Дар ин бора Муҳаммад Ғуломзода, намояндаи ҶСК “Шабакаҳои тақсими барқ”, рӯзи 11-уми феврал дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Вай шарҳ дод, ки ба ин маблағ на танҳо қарзи ҷамъшуда, балки истеъмоли ҷории нерӯи барқи истеҳсолкунандаи алюмин (ба ҳисоби миёна 25 млн сомонӣ дар як моҳ) дохил мешавад.

Муҳаммад Ғуломзода нагуфт, ки ин ширкат дар ин давра аз ҳисоби истифодаи барқ чӣ қадар маблағ пардорхт карда буд.

Дар нишасти матбуотии моҳи августи соли гузашта, ӯ, гуфта буд, ки  “дар моҳи июл, пас аз гузаронидани баъзе корҳо, ширкат 90 млн сомонӣ пардохт намуд ва тарафҳо мувофиқа кардаанд, ки ширкат ҳар моҳ 35 млн сомонӣ пардохт намояд.

Он замон вай таъкид карда буд, ки дар айни замон ТАЛКО дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 5,7 млн киловатт-соат нерӯи барқ мегирад. Ин ба тақрибан 10% аз нерӯи барқи истеҳсолшуда дар кишвар баробар аст.

Муҳаммад Ғуломзода аз тарафи чап
Asia-Plus

Дар ҳамин ҳол, ин масъули “Шабакаҳои тақсими барқ”, масъалаи даъвои додгоҳии ширкат барои ситондани 37 миллион доллар аз “ТАЛКО”-ро шарҳ надод ва аз раванди баҳс изҳори бехабарӣ кард.

Дар ҳоле, ки дар нишасти моҳи августи соли гузашта ваъда дода буд, ки “рӯзҳои наздик ин маълуотро ба “Азия Плюс” дастрас хоҳад кард”. Вале то имрӯз ҳеҷ маълумотеро дастрас накард.

Қаблан Рустам Мирзозода, раиси вақти Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки “Шабакаҳои тақсимоти барқ” “ТАЛКО”-ро барои напардохтани 37 миллион доллар қарзи нерӯи барқ ба додгоҳ кашидааст.

Ба иттилои ӯ, қарзи мазкур ба соли 2020 рост меомадааст, ки “ТАЛКО” ҳамаи қарзро ба уҳда нагирифта гуфтааст, ки маблағ аз ҷониби “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дуруст ҳисоб карда нашудааст.

Баҳс байни “Барқи тоҷик” ва ТАЛКО аз ҳисоби пардохт нашудани нерӯи барқ аз аввали соли 2020 идома дорад. Дар тобистони ҳамон сол роҳбарияти “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки қарзи ТАЛКО аз рӯи истифодаи нерӯи барқ 415 млн сомонӣ (39,2 млн доллар бо қурби Бонки миллӣ ба ҳолати ҳамонвақта)-ро ташкил медиҳад.

Он вақт ширкати алюминии Тоҷикистон дар як изҳорот ин даъвои “Барқи тоҷик”-ро рад карда, хабар дода буд, ки “давоми панҷ соли охир пули истифодаи барқ на танҳо пурра, балки барзиёд пардохт шудааст”.

Қарзи “ТАЛКО” то моҳи январи соли 2024 зиёда аз 351 миллиону 746 ҳазор сомониро ташкил медод. Бояд гуфт, ки ин ширкат аз имтиёз бархурдор аст ва нерӯи барқро нисбат ба корхонаҳои дигари саноатӣ ва аҳолӣ арзон дастрас мекунад.

Арзиши як киловат/соат нерӯи барқ барои ин ширкат 18,6 дирам пешбинӣ шудааст, барои корхонаҳои дигари саноатӣ 70,35 дирам ва барои аҳолӣ 30,75 дирам мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.