Дар Душанбе аввали ҳафтаи равон роҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон бо ҳайати Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Ӯзбекистон дидору гуфтушунид кард.
Ба иттилои Саридораи геологияи ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ масоили баргузор кардани корҳои муштараки иктишофи геологӣ барррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷонибаи соҳаи геология, корҳои муштараки иктишофи геологӣ, рақамикунонии маводи геологӣ ва пешниҳоди ҳисоботи оморӣ 5gr-6gr дар формати электронӣ ва онлайнӣ мавриди бюаррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории муштарак дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки сафари ҳайати кишвари ҳамсоя то 8-уми март идома ёфта, дар доираи он меҳмонон аз ташхисгоҳҳои геологӣ ва Осорхонаи геологӣ боздид мекунанд. Инчунин, дар доираи сафар имзои протоколи ҳамкорӣ дар назар дошта шудааст.
Таваҷҷуҳи Тошканд ба омӯзиши қаъри замини Тоҷикистон
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи геология аз имзои созишномаи байниҳукуматӣ дар соли 2018 оғоз ёфтааст. Дар доираи ин созишнома ҷонибҳо аллакай таҳқиқоти муштаракро дар манотиқи наздисарҳадӣ оғоз намуда, инчунин мубодилаи маълумоти илмӣ ва технологияҳоро ба роҳ мондаанд. Омӯзиши конҳои нафту газ, маъданҳои сурбу руҳ ва фосфорит, инчунин ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ аз самтҳои афзалиятнок ба шумор мераванд.
Ҳайати Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Ӯзбекистон таҳти роҳбарии вазир Бахтиёр Исломов тирамоҳи соли 2024 дар кори Форуми байнулмилалии сармоягузории кӯҳкорӣ ва металлургия дар Душанбе иштирок кард. Он замон ҷониби Тоҷикистон бо намояндагони Ӯзбекистон дурнамои баргузор намудани корҳои муштараки иктишофи геологиро дар ВМКБ баррасӣ карданд.
Ғайр аз ин, ба масоили рақамисозии маълумоти геологӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Айни замон Тоҷикистон корҳои рақамисозии харитаи геологии кишварро дар миқёси 1:200000 ба охир мерасонад. Ин ба пешгӯии пурсамари канданиҳои фоиданок ва тарҳрезии корҳои истихроҷ имкон медиҳад. Ӯзбекистон ҳамчунин ба таҳияи пойгоҳи ягонаи маълуомти геологӣ барои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ дорад.