Шаби 14 май шахсони номаълум ба афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Муҳиддин Юлаев дарафтода, бо зарбаҳои корд ӯро маҷрӯҳ кардаанд.
Як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамла ба афсари 25-сола миёни соатҳои 22-23-и шаб назди манзилаш дар маркази шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ сурат гирифта, ҷинояткорон аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Бино ба гуфтаи ӯ, афсари маҷрӯҳшуда дар бемористон бистарӣ шуда, табибон ҳолати ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд.
Сохторҳои қудратӣ ба ҳеҷ гунае ин ҳодисаро шарҳу тавзеҳ намедиҳанд. Маълум нест, ки чанд нафар ба афсар дарафтодаву мақсади ҳамлаашон чист.
Амалиёти муштараки кормандони КДАМ ва Вазорати корҳои дохилӣ оид ба ошкор ва дастгир кардани афроди ба ин ҷиноят дастдошта идома дорад.