Дар километри 18-уми шоҳроҳи Душанбе – Чанок сокини 17-солаи шаҳри Душанбе дар ҳолати сархушӣ аз уҳдаи идораи автомашинаи тамғаи «Toyota Camry» набаромада, панҷараи канори роҳро мешиканад ва ба дарёи Варзоб сарозер мешавад.

Автомашина ба дарё афтода дар ҷуқурии 1,5-2 метр меистад. То омадани наҷотбахшон он дар мобайни дарё қарор дошт. Наҷотбахшон ронанда ва ду мусофири автомашинаро берун меоранд. Ҳеҷ касе аз онҳо осеби ҷиддӣ надида, танҳо каме тарсидаанд.

Сипас наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба воситаи кран ва ёрии ғаввос (водолаз) автомашинаро аз дарё берун оварда, ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Маркази матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон боисрор аз волидон дархост мекунад, ки кӯдаконашонро беназорат нагузоранд. Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш мешавад, ки дар ҳолати сархушӣ аз нишастан сари чанбараки автомашина худдорӣ намоянд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.