Шаби 20 апрел дар яке аз таваққуфгоҳҳои автобуси шаҳри Екатеринбург байни муҳоҷирон муноқишаву занозании гурӯҳӣ сурат гирифтааст.

Навори видеои ин муноқишаи дастаҷамъонаи муҳоҷирон дар саҳифаи «RU_CHP: Первый по происшествиям» дар шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» нашр шуд.

Тавре аз сабти навори видео дида мешавад, дар ҷойи ҳодиса наздики 20 нафар ба мушоҳида мерасанд, хабар медиҳад “Вести.Ру”.

Муаллифи навори видео иттилоъ медиҳад, ки кормандони хадамоти бехатарии қароргоҳи автобусҳои Екатеринбург ба ҳеҷ гунае ба ин вазъ эътибор надода, кормандони пулисро ҳам даъват накардаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, муҳоҷирон аз ширкатҳои гуногуни машғул ба хизматрасонӣ ба мусофирон будаанд. Аз навори видео бармеояд, ки дар муноқиша наздики 20 нафар иштирок кардаанд. Дар бораи сабабҳои муноқиша маълумот дода намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.