Бегоҳи 14-уми май сардухтури Беморхонаи ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён Раҷабалӣ Почоқулов дар шуъбаи эҳёгарии дармонгоҳи марказии ноҳия вафот кард.

Марги Почоқуловро сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён Маҳмадӣ Давлатзода тасдиқ кард.

“Раҷабалӣ Почоқулов қаблан дар шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи Заргар бистарӣ шуда буд. Баъдан ӯро ба шуъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии ноҳия оварданд. Бегоҳи имрӯз дар ҳамин шуъба фавтид”, - гуфт Давлатзода.

Ба қавли яке аз ҳамкорони Раҷабалӣ Почоқулов, ӯ бо бемории “илтиҳоби шуш” бистарӣ шуда буд.

Маҳмадӣ Давлатзода зимни суҳбати телефонӣ иброз дошт: “Мо ҳоло гуфта наметавонем, ки ӯ гирифтори бемории COVID-19 буд ё не, зеро таҳлили коронавирусро насупурда буд”.

Қобили зикр аст, ки ҳафтае қабл духтури кӯдаконаи ҳамин беморхона Абдухолиқ Пириев ҳам аз бемории “илтиҳоби шуш” ҷони худро аз даст дода буд.

Ба гуфтаи сардухтури беморхонаи марказии ноҳия, тӯли 10 рӯзи охир дар Кӯшониён 3 табиб аз ин беморӣ фавтидаанд.

Чанд рӯз қабл директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия Маҳмадӣ Тешаев ҳам аз олам даргузашт.

Давлатзода афзуд, ки духтур Тешаев гирифтори бемории қанд буд ва чанде қабл вазъи саломатияш бад шуд. “Табибон ӯро муоина карда, муолиҷа фармуда буданд. Мутаассифона, дар хонааш вафот кард”, - гуфт ӯ. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.