Зани 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғарми ноҳияи Рашт бо се фарзандаш худро ба дарёи Сурхоб партофт.
Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, ин ҳодисаи фоҷеабор нимаи рӯзи 16 август рух додааст.
Наҷотбахшони Кумита дар минтақаи навоҳии Рашт ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, таъҷилан ба ҷустуҷӯи ҷасадҳо оғоз карданд.
“Шаш километр поинтар аз ҷойи ҳодиса, дар қаламрави деҳаи Новдонаки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх ҷасади духтарчаи 3-сола дарёфт шуд”, - иттилоъ дод Юсуфӣ.
Ба гуфтаи ӯ, ҷустуҷӯи ҷасади зан ва ду кӯдаки дигари ӯ - писари 9-сола ва духтарчаи 6-солааш идома дорад.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳқиқи ин ҳодиса машғуланд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.