Кумитаи ҳолатҳои фавқлулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ҳодисаҳои фаромадани тармаву сангреза ва сел ба қайд гирифта шудааст.
Ба ин тариқ, 15 март боришоти зиёд ба фаромадани сангреза дар километрҳои 65, 66 ва 71-уми роҳи мошингарди Хоруғ - Ишкошим, тарма дар километрҳои 473 ва 550-уми роҳи Душанбе - Рӯшон - Хоруғ ва сел дар километри 449-уми роҳи Кӯлоб - Дарвоз - Ванҷ - Хоруғ ва километри 153-юми роҳи Хоруғ - Ишкошим боис гардид. Дар ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Корҳои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ идома дошта, айни замон роҳҳои мошингарди Ванҷ – Рӯшон, Шуғнон – Хоруғ, Рӯшон – Бартанг, Хоруғ – Роштқалъа, Хоруғ – Мурғоб ва Мурғоб – Қулма муваққатан бастаанд.
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки то 20 март дар қаламрави кишвар эҳтимоли боришоти зиёд, болоравии сатҳи оби дарёҳо, фаромадани тармаву сангреза ва селу ярч боқӣ мемонад.
Дар ин робита КҲФ бори дигар аз аҳолӣ даъват мекунад, ки дар ин гуна рӯзҳо аз сафарҳои безарурат, рафтан ба мавзеъҳои тармафаро, кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, шикоргоҳ ва чорвочаронӣ худдорӣ намуда, бодиққату ҳушёр бошанд.
Илова бар ин, КҲФ аз аҳолии муқими доманакӯҳҳо ва манотиқи кӯҳистонӣ хоҳиш мекунад, ки ба ҳолати бомҳо диққат диҳанд. Хасу хасрӯбаҳоро сари вақт аз ҷӯйборҳо тоза кунанд, то оби зиёди борон ба ҳавлиҳо ворид нашавад.
Тавсия мешавад, ки ронандагон ҳангоми ҳаракат дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ё дар қитъаҳое, ки хавфи резиши сангу лағзиши тарма доранд, қоидаҳои ҳаракати роҳ, бахусус меъёри масофаро ҷиддан риоя кунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.