Садамаи нақлиёт нимаи дуюми рӯзи 24 июл дар кӯчаи Низор Муҳаммади пойтахт рух дод. Навори видео аз ҷойи ҳодиса худи ҳамон рӯз дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, лекин муддати ду рӯз шарҳи мақомоти милитсия дар бораи ин садама нашр нашуда буд.

Дар хабари сомонаи dushanbepolice.tj, ки имрӯз, 26 июл нашр шуд, гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи "Hyundai Elantra" Салимов Баҳриддин ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи С.Айнӣ ба самти кӯчаи Низор Муҳаммад зимни сабқат ва гардиши нодуруст намудан, ба автомашинаи тамғаи «Кия-Рио» зери идораи шаҳрванд Фарҳод Ҳаққулов бармехӯрад.

“Хушбахтона дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ягон нафар чароҳати ҷисмонӣ набардоштааст, аммо ҳар ду воситаҳои нақлиёти мусофирбар зарарҳои гуногуни техникӣ дидаанд”, - зикр мешавад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Дар хабар гуфта намешавад, ки оё дар дохили автомашинаҳои такси мусофирон қарор доштанд ё не.

Аз рӯи сурат ва навори видео дида мешавад, ки ин автомашинаҳо таксиҳои ширкати “Рахш Такси” ва “Як Такси” мебошанд.

Қаблан дар бораи фаъолияти таксиҳо мо 5 мушкилоти ин навъи хидматрасонӣ дар Тоҷикистонро зикр карда будем.

Дағалӣ, рафтори номуносиб, бепарвоӣ нисбати эроди мусофирон аз ҷумлаи мушкилоти хидматрасонии ин соҳа аст.

Тавре ки маълум шуд, дар ширкатҳое, ки онҳо кор мекунанд, аксар вақт ба арзу шикояти мизоҷон таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Баъди нашри як навиштаи навбатӣ дар Facebook, тасмим гирифтем, ки боз ин масъаларо матраҳ созем.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.