Сокинон ва меҳмонони Душанбе аз интизории зиёди таксиҳо зимни фармоиш, муносибати бади ронандагон, нарафтан ба нуқтаҳои дуртари шаҳр, надонистани роҳҳо ва норасоии таксиҳо дар пойтахт шикоят мекунанд.
Онҳо иддао доранд, ки дар бештари маврид хидматрасонии пасти таксӣ сабаб мешавад, ки ба ҷойи даркории худ, аз ҷумла, мактабу боғча ва коргоҳ сари вақт намерасанд.
Парвина Давлатова, як сокини пойтахт, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” бо нигаронӣ гуфт, бештари таксиҳои фармоишӣ дар Душанбе муштариёнро ҷудо мекунанд ва дар баъзе ҳолат, бо баҳонаи набудани муштарӣ аз ҷониби дигар, ба канораҳои пойтахт намераванд.
“Аз бозорчаи “Зарафшон” то маҳаллаи “Чорякарон” он қадар роҳ нест, вале мегӯянд, мо он тараф намеравем. Мегӯянд, дур аст, роҳро намедонанд. Бо чунин баҳона ҳатто ба маҳаллаҳои “Зарафшон”, “Испечак” ва назди дарвозаи Ҳисор намераванд”, - афзуд Парвина Давлатова.
Ӯ мегӯяд, вақтҳои охир, дар посух ба фармоиши муштариён аз маркази тамос мегӯянд, ки “ҳамаи таксиҳо банд ҳастанд”.
Парвина Давлатова ҳамчунин, аз интизории дурударози таксиҳо нигаронӣ карда, афзуд, вақте таксӣ фармоиш медиҳад, пас аз 10 дақиқа мегӯянду пас аз 30 дақиқа мефиристанд. Баъзан тамоман на меоянду на ҷавоб медиҳанд. Ин сабаб мешавад, ки онҳо ба боғча дер мекунанд.
Нигаронӣ ва талаби ҳалли мушкилот
Парвина Давлатова ягона сокини Душанбе нест, ки аз хидматрасонии бади таксиҳои фармоишӣ дар пойтахт шикоят мекунад. Мавҷи шикоятҳо то ба шабакаҳои иҷтимоӣ расида, аҳолӣ аз роҳбарон ва масъулини ширкатҳои хадамоти таксӣ хосторӣ бартараф намудани камбудӣ ва мушкилиҳо ҳастанд.
Аз ҷумла, Мавзун Муҳаммадалӣ, рӯзноманигори тоҷик бо нигаронӣ навиштааст, ки вақте таксӣ фармоиш медиҳад, масъулини ширкатҳо мошинҳои дар масофаи наздик карордоштаро не, балки мошинҳои “дӯстон”-и худ, вале дар масофаи дур қарордоштаро равон мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, маҳз ин омил боис мешавад, ки таксиҳо дар вақту соати зарурӣ намерасанд ва аҳолӣ сарсон мегарданд.
Нафари дигар бо номи Дилбар менависад, “пештар то як масофаи муайян 10 сомонӣ медодеду ҳоло 15 сомонӣ медиҳед, ё як ронандаи таксӣ барои ҳамин масофа 12 сомонӣ ва дигаре 17 сомонӣ талаб мекунад”.
Ҳамин гуна, Лутфулло Ниёзов, Муҳаммад Расулов, Фахриддин Холматов, Гуларӯс Шоева ва дигар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят доранд, ки таксиҳо ба самти бозори “Корвон”, маҳаллаҳои “Гулбутта”, “Гипрозем”, “Пахтакор” ва “Колхози Россия” намераванд.
Интернет сусту “навигатор” нест
Бархе муштариён аз набудани роҳнамо (навигатор) дар таксиҳо нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, на ҳама кӯчаҳои Душанбе дар барномаи “Гугл-Карта” ворид гардидааст ва сокинон дар сурати дархости таксӣ, маҷбур мешаванд, нишонии ҷойҳои маъруфи ҳамшафатро гӯянд.
Зафар Қодиров, директори иҷроияи ширкати “Олуча-таксӣ” набудани роҳнамо ва мушкили “Гугл-Карта”-ро ҷузъӣ номида, мегӯяд, онҳо кӯшиш карда истоданд, ки ин масъаларо ҳал кунанд.
“Ҳоло ронандагони мо бо барномаи “БИТ Мастер” кор мекунанд, ки ба таври худкор ҳама маҳаллаҳои пойтахтро нишон медиҳад. Барои ин, мо беш аз 3 моҳ дар кӯчаҳои Душанбе мутахассис фиристода, нуқтаҳои муҳимтарини шаҳрро ба таври дастӣ сабт кардем”, - гуфт Зафар Қодиров.
Вай мушкилоти роҳнаморо ба васеъ шудани ҳудуди шаҳри Душанбе рабт дод ва тасдиқ кард, ки баъзе маҳаллаҳои канори пойтахтро пайдо кардан душвор аст, вале онҳо аз пайи ислоҳи ин мушкил ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки ширкатҳои дигар бо ин мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд ва ё на.
Се мушкили ду ҷониб. Ронанда ҷузъияти корашро гуфт
Дар ҳамин ҳол, ронандаҳои таксӣ иддаои муштариёнро рад карда, мегӯяд, дар бештари мавридҳо аҳолӣ гунаҳкор аст.
Фирӯз, як ронандаи ширкати “Олуча-таксӣ” гуфт, дар бештари маврид худи муштариён одоби истифода аз хидматрасонии таксиро риоя намекунанд ва ба рафтору гуфтори дағал роҳ медиҳанд.
“Муштариён бо кӯдакон дохили мошин медароянд ва мо фармоиш додем гӯён, доду фарёд мекунанд, мехоҳанд ба хона ё коргоҳашон бо роҳи кӯтоҳе, ки интихоб мекунанд, равем, аммо ин кӯчаву хиёбон вазъи хароб дорад ва дар таъмир аст”, - мегӯяд Фирӯз.
Ин ронанда гила кард, ки муштариён танҳо фикри роҳкироро мекунанд ва ба хидмати ронанда эҳтиром намегузоранд.
Яке тасдиқ карду дигаре рад. Шарҳи ширкатҳои хадамоти таксӣ
Ширкатҳо интизори дурударози муштариёнро тасдиқ мекунанд ва омили онро ба камбуди шумораи таксиҳо дар пойтахт рабт медиҳанд. Аз ҷумла, Зафар Қодиров, директори ширкати “Олуча-таксӣ” дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” инро тасдиқ кард.
Аз ширкати “Рахш-таксӣ” ҳам мушкилоти дастрас набудани таксиҳоро таъйид карда, гуфтанд, “аз маркази шаҳр зиёд таксӣ дархост мекунанд ва аз ин сабаб, баъзан норасоӣ ҳис карда мешаванд”.
“Муштариёнро мо огоҳ мекунем, ки то чанд дақиқа таксии фармоишшуда мерасад, вале дар сурати банд будани ҳамаи мошинҳои ширкат, албатта, муштариро хабардор мекунем ва узр мепурсем”, - гуфтанд аз “Рахш-таксӣ”.
Аммо аз бахши иттилоотии ширкати “Як-таксӣ” интизории дурударози муштариёнро зимни фармоиш рад карда, гуфтанд, ки “ҳангоми банд будани ҳамаи ронандагони ширкат, муштариён 10 дақиқа интизор мешаванд, на аз ин зиёд”.
Онҳо далели дар бархе ҳолат ба муштариён пешниҳод накардани таксиро “тамбашавӣ дар роҳ” унвон карданд.
“Муштариён баъзан мехоҳанд, ки аз аввали бозори “Корвон” то охираш бо таксӣ раванд, вале ин ҷо тамбашавии роҳ хеле зиёд аст. Танҳо бо ҳамин далел, шояд ҷавоби манфӣ диҳанд. Вагарна чаро рад кунанд?”, - суол гузоштанд аз “Як-таксӣ”.
Ба гуфтаи масъулини ин се ширкат, дар ҳолати шикоятҳои пайиҳам, ронанда ва муштарӣ ба ширкат даъват ва мушкили пешомада ҳал карда мешавад.
Ширкати “Рахш-таксӣ” дар сурати гунаҳкор баромадани ронанда, ӯро ҷаримабандӣ мекунад. Ширкати “Олуча-таксӣ” бошад, дар чунин сурат ҷубронпулии мизоҷро бармегардонад.
“Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”. Сайфулло Сафаров 70-сола шуд
“Рухсатнома надорем”. Интиқоли мол аз Чин муваққатан қатъ шудааст
Дар Русия рақами ягонаи машваратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Воиз ва дуо барои гумроҳон”
Суроға ва телефони марказҳои омӯзиши забони кореягӣ. Барои сафар ба Корея дар куҷо ва чӣ гуна бояд омода шуд?
Рӯзи рақобати дуюми “уқоби тоҷик” дар UFC маълум шуд
Дар фасли баҳор Қазоқистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 11 млрд метри мукааб об мегирад
Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки аз ҷанги доманадор дар Ховари Миёна пешгирӣ карда шавад
Баъди 11 сол. Боз марзи Тоҷикистону Афғонистонро ба хотир оварданд
Писар ба ҷои падар. Мавъизаи писари муфтии Тоҷикистон дар бораи вазъи муҳоҷирон ва масъалаҳои динӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста