Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии шаҳри Октябрскии Ҷумҳурии Бошкирдистони Федератсияи Россия шаҳрвандон: марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 248, 281 ва 331 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 37-солаи сокини ноҳияи Ёвон, ки пеш бо моддаи 115 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, аз ҳудуди ноҳияи Варзоб, бо ҷурми одамкушӣ дастгир карда шуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ рӯзи 23-юми марти соли 2016 дар шаҳри Октябрскии Ҷумҳурии Бошкирдистони ФР бо истифода аз яроқи оташфишони таппончаи “Макаров” ба қафаси синаи шаҳрвандон: ду марди 40-солаи сокинони шаҳри Октябрскии Ҷумҳурии Бошкирдистон 3-маротиба тир холӣ намудаанд.
Гуфта мешавад, дар натиҷа як нафари онҳо ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Нафари дуввум бошад, ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ карда мешавад.
Зимнан зикр мегардад, ки кирдори содиркардаи онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиноят эътироф карда, нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Дар ҳамин ҳол ВАО-и Русия менависанд, парвандаи ҷиноятӣ нисбати созмондиҳандагон ва иҷрокунандагони қатли соҳибкор аз шаҳри Октябрский Марат Куптсов, ки молики маркази савдои “Универсал” буд, ба баррасии суд фиристода шудааст.
Мақомоти тафтишот собиқ арӯси ӯ Ирина Куптсова ва шаҳрванди Тоҷикистон Саъдулло Қосимовро - созмондиҳандаи куштор, боз як шаҳрванди Тоҷикистон Эҷод Носировро - иҷрокунандаи ҷиноят (қатл) мешуморанд.
Тавре нашрияи Коммерсантъ хабар медиҳад, вобаста ба ин парванда боз се шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар гуфтушунидҳо бобати тайёрӣ ба куштор ҷалб шуда буданд, низ назди суд ҷавоб мегӯянд.
Бино ба маълумоти Комсомольская правда, ҳамсарон Марат Куптсов ва Мирослава Величко чун ҳаррӯза шомгоҳон аз кор омада, аз мошин мебароянд ва ба сӯи даромадгҳи хона раҳсипор мешаванд. Ин замон садои тир баланд шуда, Марат дарҳол ба замин меафтад. Ба Мирослава муяссар мегардад, ки бо захми сабук ба даромадгоҳ дарояд. Баъдан маълум мешавад, ки тири дуюм ба сумкаи ӯ бархӯрдааст.
Арӯси тоҷири кушташуда Ирина Куптсова дар шаҳри Октябрский ба тиҷорат машғул буда, 40% саҳмияҳо дар ҶДММ “Диана” ва 100% саҳмияҳо дар «Башнефтегазпоставка» ва «Абсолют» ба ӯ тааллуқ доштанд.
Мақомоти тафтишот бар ин назаранд, ки ҳадаф аз қатл қарз ба маблағи 1,5 млн. рубл назди Марат Купстов барои газ будааст, ки Ирина Куптсова онро пардохт карданӣ набудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.