Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сокини вилояти Хатлонро барои ғайриқонунӣ ба ҷумҳурӣ ворид намудани маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта ба 6 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Фарҳод Қурбонов санаи 22 октябри соли 2018 дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шудааст.

“Ӯ аз Туркия беш аз 800 қуттӣ 7 номгӯи маводи дорувориро ба маблағи умумии 3 ҳазор доллар ворид карданӣ буд. Муайян карда шудааст, ки ин мавод ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯ набуда, ғайриқонунӣ, бе иҷозатномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид карда мешавад”, - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, нисбати Қурбонов мутобиқи моддаи 210 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти амалии хусуии тиббӣ ва фаъолияти  хусусии фармасевтӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

“Бо қарори суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фарҳод Қурбонов ба 6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум гардида, ҳамчунин ӯ ба муддати ду сол аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ - фурӯши маводи фармасевтӣ маҳрум карда шуд”, - зикр мегардад дар хабари Прокуратураи генералӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.