Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) рӯзи 24-уми декабр анҷумани навбатии худро баргузор мекунад. Дар ин бора аз ин ҳизб ба “Азия-Плюс” хабар додаанд.
Аз ҲАТ гуфтанд, анҷуман бо ширкати намояндагони ҳизб соати 11:00 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мешавад ва дар он аз кори яксолаи худ натиҷагирӣ мекунанд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар анҷумани навбатии ҳизб, инчунин масъалаи омодагӣ ба интихоботи парлумонии оянда ва ширкати номзадҳо ба он баррасӣ мешавад.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз соли 2005 инҷониб фаъолият мекунад. Ҳоло дастикам 5 аъзои ҲАТ вакили парлумон мебошанд. Аз соли 2014 раиси ҳизб Рустам Барот Латифзода мебошад, ки ӯ ҳам вакили парлумон аст.
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад. То ҳол аз 7 ҳизби расмӣ дар Тоҷикистон ягонтоаш номзадҳои худро эълон накардаанд.
То ҳол танҳо Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) эълон кард, ки анҷумани худро рӯзи 20-уми декабр баргузор мекунад ва масъалаи омодагӣ ба интихоботи парлумонро баррасӣ мекунад.
Нархи “утилизатсия” танҳо барои мошинҳои воридшаванда боло меравад
Рӯзи матбуоти тоҷик. Имсол ба 9 нафар ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ тақдим гардид
Имтиёзҳои андозӣ ба корфармоҳое, ки шахсони дорои маъюбиятро ба кор мегиранд
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста