Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо ба “Азия-Плюс” гуфт, ки баъди нашр шудани мавод дар сомонаи хабарии “”Азия-Плюс” - “Падари Ҳувайдои кушташуда аз ҳукумати Тоҷикистон кӯмак мехоҳад” аз Консулгарии Тоҷикистон дар Русия ва чандин адвокатҳо бо ӯ дар тамос шуда, хоҳиши кӯмак намуданд.

Абдусалом, мегӯяд: “Адвокатҳои зиёд аз Тоҷикистон занг заданд ва гуфтанд, ки барои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои лозима ба ӯ кӯмак мекунанд. Ман хеле шодам ва умед дорам, ки то охири мурофиа ҳуқуқшиносон ва шаҳрандони тоҷик маро дастгирӣ мекунанд, то ҳақиқатро ба даст орем. Дар якҷоягӣ метавонем бурд кард”.

Ҳамчунин Ҳамза Ҳакимзода, узви раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси адвокатҳои шаҳри Душанбе, аз аввали рух додани ин воқеа кӯмаки худро ба онҳо пешниҳод намудааст. Ӯ мегӯяд, дар ҳама ҳолат омодааст, ки ба хонаводаи Абдусалом Саидов дар додгоҳи судӣ ройгон кӯмак намояд ва паҳлӯи онҳо бошанд.

Ҳакимзода мегӯяд, баъди рух додани ҳодиса ва тафтишу ташхиси ҳодиса ба манзили ҷабридидаҳо ба шаҳри Кӯлоб рафтааст ва аз идораи нотариалӣ падару модари Ҳувайдо ба ӯ ваколатнома додаанд, ки ҳамчун намояндаи қонунии онҳо тавонад ҳуқуқҳои онҳоро дар мурофиаи судӣ ҳимоя намояд.

- Ҳамон шабу рӯз завҷаи Абдусалом имконияти рафтани дубора ба Русияро надошт, чун дар як ҳолати стресс ва рӯҳияшон афсурда буданд ва чӣ кор карданашонро намедонистанд. Баъдан ба хулосае омадем, ки якҷоя ҳамрохи Абдусалом ба Русия меравем ва тасмим гирифтем, ки онҷо адвокате бояд барои худ бигиранд. Ва Абдусалом ба Русия рафту ман дар Тоҷикистон мондам , аммо дар суд метавонам манфиатҳои онҳоро ҳимоя намоям, - гуфт Ҳамза Ҳакимзода.

Ба андешаи ин адвокати тоҷик, баъди тақрибан як соли тафтишоту ташхис суд оғоз ва баҳсҳои шубҳа дар бораи падари биологӣ будани Абдусалом Саидов ба Ҳувайдо Тиллозода шурӯъ шуд.

Абдусалом Саидов мегӯяд, дар ҳоле кор чунин ранг гирифт, ки падару модари Ҳувайдо ақди никоҳи қонунӣ надоштаанд, аммоин маънои онро надорад, ки Абдусалом падари Ҳувайдо нест.   

- Ман аз мақоми адвокатҳои вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб хоҳиш кардам, ки бо масъалаи этироф намудани падарии Абдусалом ба суд муроҷит кунанд ва суд ба онҳо як шаҳодатноме бидиҳад, ки аз ҷониби суд падари қонунӣ будани Абдусалом муқарар шавад. Ва ин каме тӯл кашида, як ё ду моҳ мавриди баррасӣ қарор мегирад ва танҳо баъди як моҳи ҳалнома метавонад қувваи қонунӣ бигирад.

Ҳамза Ҳакимзода, мегӯяд онҳо наметавонанд нисбат ба ин ҳодиса бетараф бошанд ва бояд садо баланд кунанд, зеро ин ҷо сари номуси миллат ва риояи ҳуқуқу шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистон сухан меравад.

- Ҳоло на танҳо ҳуқуқшиносону адвокатҳо, балки тамоми мардум ба ин ҳодисаи мудҳиш ва бераҳмонаи раводида нисбати як тифли маъсум, кӯдаки нотавон таваҷҷӯҳи хосса доранд. Банда вақте дар ин масъала ҳарф мезанам, ҷигарам реш- реш мегардад ва гиря гулӯгирам мекунад. Мо бо ин хонавода аҳд карда будем, ки меравам ройгон ба онҳо хизмат мекунам. Ҳар замон омодаам ба онҳо кӯмак кунам, вале бидуни хоҳиши онҳо, наметавонам коре бикунам.

Ёдрас мекунем, ки  Додгоҳи вилоятии шаҳри Маскав бо як қарори худ мӯҳлати нигоҳдории Александр Сёмин, қотили Ҳувайдо, тифли 5 солаи тоҷикро то феврали соли 2020 тамдид кард.

Дар ин бора Бахтовар Ҷумаев, тарҷумони падари Ҳувайдо дар мурофиаҳои судӣ дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар дод. Бахтовар Ҷумаев дар сӯҳбат бо хабарнигори мо ин иттилоъро шарҳ дода гуфт, ки қарори додгоҳи вилоятии шаҳри Маскав шоми дирӯз дар мурофиаи навбатӣ, ки тақрибан чор соат идома кард, ироа гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.