Кормандони мақомоти зиддифасод дар вилояти Суғд роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ Муҳаммадҷон Идизодаро ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт карданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят хабар дод, Идизода дар кабинеташ ҳангоми гирифтани 12,5 ҳазор сомонӣ дастгир шудааст.
“Муҳаммадҷон Идизодаи 29-сола аз сокини маҳаллӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони нуқтаи фурӯш дар маркази ноҳия 25 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст”, - гуфт манбаъ.
Нисбат ба Идизода мутобиқи моддаи 247 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Бино ба маълумоти Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, тӯли 9 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 444 ҷинояти марбут ба коррупсия, аз ҷумла, 106 қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.