Кормандони милитсия як марди сокини шаҳри Конибодомро ба гумони суиқасд ба куштор  боздошт намуданд. Ин мард сӯи ҳамсояҳои ҳамсараш бетартибона тирпарронӣ кардааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 30-юми сентябр ҷавони 24-солаи сокини Конибодом дар ҳолати мастӣ бо баҳонаи бозпас овардани ҳамсараш, ҷавонзани 23-сола ба хонаи истиқоматии падарарӯсаш рафта, аз ҳиссиёти авбошӣ бо падарарӯсаш ва аъзоёни оила суханҳои қабеҳ гуфта, бо сими оҳанин шишаи дари даромадгоҳ, тиреза ва телефони мобилии номбурдаро шикастааст.

“Баъдан ӯ ба хонаи истиқоматиаш рафта, бо силоҳи оташфишонии тамғаи «Тула», (ки санаи 04.11.с.2019 барои истифода бурдан, нигоҳ доштан ва бо худ гирифта гаштан рухсатнома дода шудааст) мусаллаҳ гашта, дар хонаи хоби худ 1-маротиба ба тарафи дари баромадгоҳ парронида, сипас, ба кӯча баромада, ба тарафи ҳавлиҳо кӯчаи Ҳолматов рафтааст”, - омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, ҳамсоягонаш ҷавонони 18, 24 ва мардони 28, 31-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Пулотони ҳамин шаҳр овози тирро шунида, аз хонаҳои истиқоматиашон ба кӯча мебароянд ва гумонбаршаванда аз ҳиссиёти авбошӣ якчанд маротиба ба тарафи онҳо тир холӣ кардааст, ки дар натиҷа онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаҳои 237, қ 3 (Авбошӣ бо истифода аз силоҳ), 32 (Суиқасд ба ҷиноят) ва 104, қ.2 (Суиқасд ба одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.