Дар Маскав рӯзи 27 август муҳоҷирон боз ба муноқишаву ҷанҷол даст зада, ВАО аз боздошти 50 нафар шаҳрвандон аз Осиёи Марказӣ хабар доданд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав изҳор мекунад, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок накардаанд.

“Маълумот дар бораи боздошти шаҳрвандони мо пас аз ин ҷанҷоли гурӯҳӣ дар Маскав асос надошта, аз рӯйи ин ҳодиса ягон шаҳрванди Тоҷикистон боздошт нашудааст”, - илова кардаанд дар намояндагии дипломатӣ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 27 август дар кӯчаи Баумани шаҳри Маскав муноқишаву занозании навбатии муҳоҷирон ба вуқӯъ пайваст.

То омадани кормандони пулис иштирокчиёни он пинҳон шуданд, лекин баъдан “бо мақсади санҷиши даст доштан ба ин ҳодиса, инчунин ошкор намудани шоҳидони ҷанҷол 49 нафар ба шуъбаи маҳалии умури дохилӣ бурда шуданд. 15 нафари онҳо барои майдаавбошӣ ҷарима шудаанд.

Тибқи маълумоти сафорати Қирғизистон дар Русия, миёни онҳо 19 нафар қирғизистониҳо ҳузур доранд, лекин онҳо дар ҷанҷол иштирок накардаанд.

ибқи маълумоти Кумитаи тафтишот, дастикам даҳ нафар зодагони Осиёи Марказӣ дастандаркорони занозанӣ будаанд.

Тайи моҳҳои ахир муноқишаҳо байни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия дар ҳоли афзоиш аст.

Шаби 18 август дар яке аз хостелҳо дар кӯчаи Адмирал Корнилов бо иштироки муҳоҷирон боз як ҷанҷол рух дод. Нисбати ҳафт нафар боздоштшудагон санадҳо дар бораи майдаавбошӣ тартиб дода шуда, тавре маълум шуд, панҷ тан аз онҳо ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур доштаанд.

Қаблан раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин ваъда дода буд, ки назорат аз болои муҳоҷирони қонуншикан пурзӯр карда мешавад.

“Ин тавр намешавад. Аз чунин меҳмонон хурсанд нестем. Аз ин рӯ, мақомоти пулис моҳҳои ахир рейдҳои ҷиддӣ гузаронид. 800 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳудуди 200 нафар ихроҷ шуданд ва ба 17,5 ҳазор нафар вуруд ба кишвар манъ шуд”, - изҳор дошт раиси шаҳри Маскав.

Ӯ таъкид дошт, ки барои баъзеҳо ин метавонад аз ҳад зиёд ба назар расад, аммо минбаъд низ чунин назорат боқӣ хоҳад монд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.