Дар доираи якчанд амалиёти махсус дар мавриди дарёфту мусодираи миқдори зиёди маводи нашъаовари афюн ва ҳашиш кормандони Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба гумони хариду фурӯши маводи мухаддир ба ҳабс гирифтанд, хабар медиҳад Podrobno.uz.
Дар ҷараёни чорабинии фаврӣ дар вилояти Сурхондарё автомашинаи “Нексия, ки аз Бекобод ба Гулистон раҳсипор буд, боздошт ва аз назар гузаронида шуд. Аз мусофири ин автомашина - шаҳрванди 58-солаи Тоҷикистон 1 кило афюн дарёфт шуд, ки мехостааст онро ба Қазоқистон барад.
Боз як марди шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Фарғона ҳамроҳи ҳамсараш зиндагӣ мекунад, ба ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё рафта, дар он ҷо бо роҳи қочоқ интиқоли 978 грамм афюн ва 994 грамм ҳашишро аз Тоҷикистон ташкил кардааст. Маводи мухаддирро ӯ бо 11 ҳазор доллар аз шаҳрванди Тоҷикистон харидааст. Онҳо зимни бозгашт ба шаҳр бо маводи мухаддир дар Марғелон боздошт шудаанд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни чорабинии фаврӣ дар вилояти Тошканд ҳангоми фурӯши қариб 2 кило ҳашиш сокини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон боздошт шудааст.
Ғайр аз ин, дар постгоҳи “Самарқанд мунтазам” дар ноҳияи Пахтачин автомашинаи “Спарк” боздошту аз назар гузаронида шудааст, ки дар дохили он сокини 31-солаи ноҳияи Ургут ва ҳаммаслаки ӯ, сокини ноҳияи Оқдарё қарор доштаанд.
Ҳангоми санҷиш муайян карда шудааст, ки онҳо 10 кило афюн бо худ доштаанд. Маҳсулоти тариқи қочоқ аз Тоҷикистон воридшударо мардон дар вилояти Хоразм фурӯхтанӣ будаанд.
Инчунин дар вилояти Сурхондарё ду сокини ноҳияи Тирмиз ҳангоми фурӯши зиёда аз 2 кило афюн бо нархи 40 ҳазор доллар боздошт шудаанд. Маълум шудааст, ки ин маводи аз Тоҷикистон интиқолёфтаро онҳо аз сокини 33-солаи Тирмиз ба ивази 28 ҳазор доллар харидаанд, ки ӯ низ дастгир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории як қатор амалиёти фаврӣ дар маҷмӯъ 14 килову 734 грамм афюн ва 3 килову 923 грамм ҳашиш дарёфту мусодира шудааст.
Зикр мегардад, ки аз рӯи ҳамаи далелҳо мутобиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.