Вазорати корҳои дохилии Русия ба марҳилаи дуюми амалиёти “Нелегал-2024” (муҳоҷир ё шаҳрванди хориҷии ҳузураш ғайриқонунӣ, - эзоҳи “Азия-Плюс”) оғоз намуд. Дар ҷараёни он ҷиҳати ошкор сохтани муҳоҷирони корие, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доранд, дар ҳамаи минтақаҳои ин кишвар рейдҳо гузаронида мешаванд. Қонуншиканон ба ҷавобгарӣ ҷалб шуда, бархе аз қаламрави кишвар ихроҷ мешаванд.
Бисёре аз ВАО ва шабакаҳои иҷтимоии Русия аллакай, аз натиҷаҳои санҷиш дар рӯзҳои аввали амалиёт хабар медиҳанд. Ба ин тариқ, дар Санкт-Петербург рейди бузургмиқёси пулис доир гардида, дар ҷараёни он 1,5 ҳазор қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират ошкор шудааст. Кормандони пулис дар навбати аввал ба ҷойҳои кории муҳоҷирон: иншооти саноатӣ, майдони сохтмон ва корхонаҳои хӯроки умумӣ таваҷҷуҳ кардаанд.
Якчанд ҳазор мутахассисони хориҷӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Аксарияти қонуншиканон реҷаи муқарраршудаи будубош дар қаламрави Русияро риоя накарда, амалан қайди қалбакӣ доштаанд.
Ғайр аз ин, муайян карда шудааст, ки даҳҳо муҳоҷирон ғайриқонунӣ - бидуни патенти дахлдор кор мекардаанд. Онҳо ҷиҳати баррасии масъала ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудан ба шуъбаҳои пулис бурда шудаанд.
Дар натиҷа нисбати қариб 200 хориҷиён аз ҷониби додгоҳ дар бораи ихроҷи маъмурӣ ва дар аксари ҳолатҳо - ихроҷи маҷбурӣ қарор қабул шудааст. Ин шахсон дар маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ ҷойгир карда шуданд.
Дар Краснодар 260 хориҷиёни машғули кор дар сохтмон ба шуъбаи пулис бурда шуда, 8 нафар аз онҳо барои риоя накардани реҷаи будубош дар қаламрави кишвар ва кори ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд.
Мақомоти пулиси Самара дар ҷараёни чорабиниҳо зиёда аз 400 қонуншиканиҳои маъмурӣ ва 15 ҷиноятроо дар соҳаи муҳоҷират ошкор намуда, дар натиҷа 119 нафар хориҷиён ихроҷ карда мешаванд. Дар бораи ихроҷи маъмурӣ 76 қарор ва манъи вуруд ба қаламрави Русия 40 қарор қабул шудааст.
Кормандони пулиси вилояти Маскав дар майдони сохтмони маҷмааи манзилҳо нисбати 40 муҳоҷир санадҳои маъмурӣ тартиб дода, ҳар кадоме аз қонуншиканон ба маблағи 5 ҳазор рубл ҷарима ва минбаъд аз қаламрави кишвар ихроҷ мешаванд.
Дар Красноярск 46 муҳоҷири ғайриқонунии синни аз 19 то 57-сола (40 мард ва 6 зан) аз Қирғизистон ва Тоҷикистон ошкор шуда, онҳо дар соҳаи муҳоҷират ба 76 қонушикании маъмурӣ даст задаанд. Онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд.
Ғайр аз ин, кормандони пулис барои ба қайди қалбакӣ гузоштани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ дар маҳалли зист, сохтакорӣ, тайёр кардан ё гардиши ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 10 мавод ҷамъоварӣ намуда, санҷиши пеш аз тафтишоти ин далелҳо идома дорад.
Амалиёт идома дорад
Марҳилаи аввали амалиёти “Нелегал-2024” таҳти сарпарастии Созмони Аҳдномаи амниятидастаҷамъӣ (СААД) моҳи июни соли 2024 ба итмом расид. 30 сентябри соли 2024 марҳилаи дуюми амалиёт оғоз ёфта, он то 6 октябри соли 2024 идома меёбад.
Дар доираи амалиёт оид ба ошкор намудани далелҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ риоя нашудани тартиб ва муҳлати будубош дар қаламрави Русия, анҷоми фаъолияти корӣ, инчунин гузаштан аз расмиёти ҳатмии давлатӣ чорабиниҳо сурат гузаронида мешаванд.
Кормандони воҳидҳои ВКД Русия дар ҳамаи минтақаҳо иншооти корӣ, макони будубош (зист) ва ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷӣ, миқдори воситаҳои нақлиёт ва ғайраро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
Баргузории чорабиниҳо дар чаҳорчӯби амалиёти фаврӣ ва пешгирии “Нелегал-2024” дар Русия идома дорад.
ВКД огоҳ мекунад
ВКД Русия шаҳрвандони хориҷиро аз зарурати риояи қонунгузорӣ огоҳ мекунад.
Қобили зикр аст, ки бекор намудани муҳлати ҳузури иҷозашуда дар Русия барои шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид (виза) омдаанд, бо убури расмӣ аз сарҳади давлатӣ ғайриимкон аст. Ин маънои онро дорад, ки бидуни анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои зарурӣ вуруди такрорӣ дар муддати 90 шабонарӯз риоя накардани тартиби қонунгузории муҳоҷират шуморида мешавад.
Шаҳрвандони хориҷӣ зимни интихоби манзил бояд пешакӣ дар маҳалли зисти пешбинишуда худро ба қайди муҳоҷират гузоранд. Дар сурати тағйири ҷойи иқомат лозим аст, ки ҳар дафъа бо суроғаи нав худро ба қайди муҳоҷират гузоранд.
Донишҷӯёни хориҷӣ, ки ба Русия омадаанду ба мактаби олӣ дохил шудаанд, уҳдадоранд, ки пешакӣ муҳлати ҳузури худ ва муҳлати амсли қайди муҳоҷират дар маҳалли зистро дароз кунанд.
Корфармо ҳам барои тамдиди муҳлати раводиди шаҳрванди хориҷӣ, ки бар асоси раводиди корӣ омадааст ва барои гирифтани иҷозаи кори ӯ масъулият дорад. Кормандони хориҷӣ аз Озарбойҷон, Молдова, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фаъолияти кориашонро метавонанд бо иҷрои якчанд шарт анҷом диҳанд: дарёфти патент, пардохти саривақтии маблағи патент ва фиристодани огоҳинома дар бораи кор дар муддати 2 моҳ аз санаи додани патент.
Пас аз гирифтани иҷозаи кор ё патент шаҳрванди хориҷӣ бояд ба соҳиби манзил барои дароз кардани муҳлати амали қайди муҳоҷират дар маҳалли зист муроҷиат кунад. Барои дарёфти ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ корманд бояд аз чор расмиёти ҳатмӣ гузарад: супоридани изи ангуштон (дактилоскопия), сурат гирифтан, тасдиқи аз муоинаи тиббӣ гузаштан ва супоридани имтиҳон ва забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русия.