Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шурӯъ шуд. Солҳои пеш дар ҷараёни маъракаи даъват ба сафи Артиш ҳамеша аз сарбозшикор ё “облава” низ хабару наворҳо нашр гардидааст. Агар мавриди “сарбозшикор” қарор гирифтед, чӣ бояд кард?
Ба саволҳои даъватшавандагон ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” посух доданд.
Агар маро ҳангоми сарбозшикор дастгир кунанд, ман метавонам муқовимат нишон диҳам?
Не! Барои таъмини амнияти ҷисмонии худ, беҳтар аст ба намояндагони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ муқовимат накунед.
Ҳамзамон, набояд амалҳои ғайриқонунӣ ва сӯиистифода аз ваколатҳоро бо амалиёти қонунии кормандони милитсия барои дастгиркунӣ ва бурдани даъватшудагон барои ҷалб ба ҷавобгарии маъмурӣ омехта кард.
Сарбозшикор— ин амали ғайриқонунии кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва милитсия аст, ки бо роҳи дастгирии маҷбуркунӣ ва фиристодани шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ кӯшиш мекунанд, нақшаи даъватро иҷро намоянд.
Аз ин рӯ, агар шуморо сарбозшикор кунанд, натарсед ва ба воҳима дода нашавед, аз “дастгиркунандаҳо”-и худ ҳуҷҷат талаб кунед ва асоси дастгиршавиро пурсед. Аз рӯйи имкон навор ё садоро сабт намоед, то баъдан дар ҳолати шикоят бурдан далел дошта бошед ва ба хешовандон ё ҳуқуқшинос хабар диҳед.
Ва аз ҳама муҳим — бе хондан ва дарк кардани мазмун ба ҳуҷҷате имзо нагузоред.
То куҷо иштироки кормандони милитсия дар сарбозшикор қонунист?
Қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” (моддаи 10, қисми 5) кормандони мақомоти корҳои дохилиро вазифадор мекунад:
- тибқи дархости комиссариатҳои ҳарбӣ маълумот дар бораи шаҳрвандонро барои ба қайди ҳарбӣ гирифтан пешниҳод кунанд;
- шахсони аз даъват, омӯзишҳои ҳарбӣ ё қисми низомӣ гурехтаро дар асоси дархости расмӣ ҷустуҷӯ ва дастгир намуда, дар муҳлати 7 рӯз ба комиссариати ҳарбӣ хабар диҳанд;
- ҳангоми гирифтани шиноснома аз мардон ҳуҷҷати қайди ҳарбиро талаб намоянд;
- тартиботи ҷамъиятиро ҳангоми даъвати шаҳрвандон дар нуқтаҳои даъватӣ ва сафарбаршавии даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ таъмин намоянд.
Вале бе асосу ҳуҷҷат, худсарона дастгир кардани ҷавонони синни даъват амали ғайриқонунӣ аст. Даъватшаванда ҳақ дорад сабаби дастгиршавӣ ва ҳуҷҷатҳои дахлдорро талаб намояд.
Ба куҷо метавонам аз сарбозшикор шикоят барам?
Агар даъватшаванда ғайриқонунӣ боздошт шуда бошад, метавонад ба Прокуратураи ҳарбӣ (агар аз ҷониби кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ дастгир шуда бошад) ё ба суд муроҷиат намояд.

Кодекси ҷиноятии ҶТ барои ғайриқонунӣ маҳдуд кардани озодии ҳаракат (моддаи 149 КҶ ҶТ) ва боздошти ғайриқонунӣ ё ба ҳабс гирифтани шахс (моддаи 358) ҷазо пешбинӣ мекунад.
Амалҳои ғайриқонунии кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва милитсия низ метавонанд ба ин моддаҳо мувофиқ бошанд.
Ман ҷавони синни даъватам ва маро иҷборӣ ба комиссариати ҳарбӣ оварданд. Ман метавонам аз ин шикоят барам?
Қонун дар чунин ҳолатҳо қоидаҳои мушаххасро муайян мекунад. Бе сабаби узрнок ба даъвати комиссариати ҳарбӣ аз рӯи даъватнома ҳозир нашудани даъватшаванда, саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ дониста мешавад ва барои ин амал мувофиқи қонунгузории ҶТ ҷавобгарии маъмурӣ — дар ҳолатҳои марбут ба ҳалли масъалаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ — барои саркашӣ аз даъват пешбинӣ шудааст.
Танҳо шахсоне “саркаш” ҳисоб мешаванд, ки даъватномаро зери имзои шахсӣ гирифтаанд ва ба ҷойи таъиншуда бе сабаби узрнок наомадаанд. Агар шахс ҳамчун саркаш эътироф гардад, нисбати ӯ бояд парвандаи маъмурӣ боз карда шавад.
Дастгирии ғайриқонунӣ ва овардани маҷбурии даъватшаванда ба комиссариати ҳарбӣ нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон буда, ҳар даъватшаванда ҳақ дорад аз ин амал ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят барад.
Агар писар ба ҷойи хидмат ҳозир нашуда бошад, комиссариати ҳарбӣ ҳуқуқ дорад, ки волидони ӯро ба ҳабс гирад?
Комиссариати ҳарбӣ ҳуқуқ надорад, ки волидонро барои ба хидмат ҳозир нашудани фарзанди баркамолашон ба ҳабс гирад ё ба ҷавобгарӣ кашад. Қонун талаб мекунад, ки волидон даъватномаро гирифта, бояд ба писарашон диҳанд. Агар ӯ дар хориҷи кишвар бошад, онҳо бояд ӯро дар бораи даъватнома огоҳ кунанд, масалан сурат ё намогирифти онро ирсол намоянд.
Қобили зикр аст, ки маҷбур кардани волидон ё истифодаи таҳдид бо мақсади ба бозгашт маҷбур кардани писарашон ғайриқонунӣ буда, метавонад ҷиноят шуморида шавад. Волидон барои амалҳои фарзандони баркамол ҷавобгар нестанд.