Зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар назар аст, имзои як қатор созишномаҳои нави ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар назар аст.

«Ҳарду ҷониб ба сафари президенти Русия Владимир Путин омодагӣ гирифта, як бастаи комили созишномаҳои гуногун барои имзо мавриди таҳия қарор дорад», - гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода.

Ӯ қайд кард, ки давоми 15 сол миёни Тоҷикистону Русия, бахусус дар бахши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ  заминаи қобили мулоҳизаи ҳуқуқии муносибатҳо бунёд шуда, дар ҷараёни сафари сарвари давлати Русия баимзорасии якчанд созишномаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо чанде аз минтақаҳои бузурги ин кишвар пешбинӣ мешавад.

Вазир қайд кард, ки тайи ду соли ахир ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия коҳиш ёфта, соли гузашта ин нишондиҳанда каме бештар аз 1 млрд. долларро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли 2015 ба миқдори 6,3% камтар мебошад.

«Бо вуҷуди ин, Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, соли 2016 ҳиссаи ин кишвар дар ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷӣ 26,4%-ро ташкил дод, - иброз дошт вазир. - Ин рақамҳо илҳомбахш буда, мо чунин мешуморем, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар, ин нишондиҳандаи хуб аст ва бо назардошти пешгӯиҳои рушди иқтисоди Русия дар соли 2017, мо бояд ҳаҷми муомилоти молиро афзоиш диҳем».