Шоҳдухтар Заҳро Оғо Хон рӯзи 24 апрел бо сафари серӯзаи корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Зимни сафар ӯ бо ҷараёни татбиқи як қатор барномаҳо ва лоиҳаҳои Бунёди Оғо Хон оид ба рушд (AKDN), ки дар Тоҷикистон дар бахшҳои коҳиши камбизоатӣ, рушди иқтисодӣ, маориф ва тандурустӣ амалӣ мешаванд, аз наздик шинос хоҳад шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз AKDN дар ин робита иттилоъ доданд, дар доираи сафар ӯ ҳамчунин бо намояндагони расмии ҳукумат ва раҳбарияти AKDN дар Тоҷикистон низ дидору гуфтушунид мекунад.
Шоҳдухтар Заҳро Оғо Хон духтари Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғо Хони IV - муассис ва раиси AKDN аст. Ӯ ҳамчунин узви Шӯрои мудирони Бунёди Оғо Хон оид ба рушд буда, ваколат ва масъулиятҳои ӯ аз раҳбарӣ ва таҳияи сиёсат дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ иборатанд. Ғайр аз ин, шоҳдухтар дар таҳияи сиёсат ва стратегияи марбут ба дигар агентиҳои Бунёд низ иштирок мекунад.
Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оғохони IV ба Маскав ташриф оварда, бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дидору гуфтушунид кард.




