Ҳайати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ният дорад, ки бо мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз наздик шинос шавад.
Муддати 12 рӯз намояндагони ҲХДТ таҳти сарварии муовини раиси ҳизб Раъно Бобоҷониён бо муҳоҷирон дар Русия вохӯрда, бо мушкилоти ҷойдоштаи онҳо ошно ва мувофиқи имкон кумак мекунанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дафтари кории ҳизб хабар дод, ҳайати ҳизб аз шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва Екатеринбург боздид намуда, бо муҳоҷирони тоҷик вохӯриҳо барпо мекунанд ва ба онҳо дар бораи рӯйдодҳои муҳими ҷумҳурӣ, сиёсати роҳандозишуда зери раҳбарии раиси ҲХДТ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маълумот медиҳанд.
Зимнан зикр гардид, ки зимни мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирон ба масъалаи огаҳ кардани онҳо аз ҳадафҳои аслии созмонҳои террористӣ ва ифротгаро таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки наздики 40%-и он ҷавононанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.