То замони ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон, Русия имконоти пойгоҳи низомиашро дар Тоҷикистон пурзӯр мекунад, изҳор дошт президенти Русия Владимир Путин зимни нишасти хабарии ҳамасола рӯзи панҷшанбе.
Дар посух ба саволи рӯзноманигори афғон дар бораи дурнамои гуфтушунидҳо бо “Толибон”, Путин таъкид дошт, ки то замони ба субот омадани вазъ дар Афғонистон, Русия ба имконоти пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон тақвият мебахшад, хабар медиҳад Интерфакс.
Ҳамчунин Путин қайд кард, ки ба гумон аст, ки ҳукумати Афғонистон ҳадди ақал аз сеяки қаламрави кишвар ду қисматашро зери назорат дошта бошад.
“Мо бар ин назарем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон танҳо бо роҳи созиш байни ҳамаи ҷонибҳои раванди сиёсӣ дар худи Афғонистон имконпазир буда, то ин вақт мо маҷбурем, ки имконоти пойгоҳи низомиамонро дар Тоҷикистон пурзӯр намоем”, - изҳор намуд Путин.
Бино ба гуфтаи Владимир Путин, Русия ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ, аз ҷумла роҳандозии ҳамкорӣ бо ин кишвар барои рушди иқтисодӣ омода аст. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки тамоми нерӯҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои этникии Афғонистон ба созиш байни ҳам даст меёбанд.
Қобили зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз иншооти бузургтарини ҳарбии кишвар дар қаламрави берун аз Русия маҳсуб меёбад. Ҷузъу томҳои пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) мустақар мебошанд. Мувофиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 баимзорасида, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.