Рӯзҳои 21-27 январ дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба мувофиқаи масоили тадорукотӣ-ҳуқуқии таъйин ва аломатгузорӣ байни сарҳадҳои давлатии кишварҳо баргузор шуд.
“Зимни гуфтушунидҳо лоиҳаҳои дахлдори санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия шуданд, ки бар асоси онҳо дар мавриди муайян кардани хати сарҳади давлатӣ ва аломатгузорӣ дар маҳалҳо раванди гуфтушуниди ҷонибҳо оғоз мегардад”, - хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.
Қаблан байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз ҷумла дар мавриди таъйину аломатгузорӣ дар сарҳад баҳсҳо ба вуҷуд меомаданд, лекин бо ба сари мансаб омадани президенти нави ин кишвар Шавкат Мирзиёев муносибатҳои дуҷониба рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, оид ба масъалаҳои марзиву обӣ ва энергетикӣ, алоқаи ҳавоӣ, реҷаи раводид барои шаҳрвандон гуфтушунидҳои мутақобилан судманд шурӯъ шуданд.
Моҳи марти соли гузашта сарони давлатҳо созиш ҳосил карданд, ки то охири соли 2019 ба корҳои поккории минаҳо дар қитъаҳои сарҳади муштарак хотима мебахшанд.
Шартнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадӣ давлатӣ зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расида, 19 апрели соли гузашта парлумони Тоҷикистон шартномаи зикршударо тасдиқ намуд.
Дар ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таъйину аломатгузории сарҳади давлатӣ, ки санаи 10 январи соли 2018 дар Душанбе доир гардид, ҷонибҳо дар мавриди қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии кишварҳо, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии Фарҳод комилан ба созиш расидаанд.
Бино ба тавофуқи ҳосилшуда, қаламраве, ки дар он нерӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Ӯзбекистон мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Ӯзбекистон хизматгузории техникии иншоотро анҷом медиҳад.
Дар давраи аз 24 феврал то 1 марти соли сипаришуда дар шаҳри Тошканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайати ҳукуматҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ баргузор шуда, дар он тарафҳо ба лоиҳаи шартнома дар бораи қитъаҳои ҷудогонаи сарҳад замима таҳия намуданд.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳад миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки тӯли сарҳади заминӣ - 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) - 105 километр аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.