Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор намуд, ки имрӯз 43 нафар занон ва 92 нафар кӯдакони тоҷик дар зиндонҳои Ироқ қарор доранд.

Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ давоми соли охир ба корҳои ба ватан овардани тоҷикистониёне, ки қурбони ҷанг шуданд, машғул аст, изҳор дошт имрӯз Сироҷидиддин Муҳриддин ба журналистон.

“Дар доираи ин ташаббусҳо Тоҷикистон дар Ироқ сафири худро таъин намуд. Бо ёрии созмонҳои байнулмилалӣ, аз қабили Салиби Сурх ва UNISEF мо муайян кардем, ки 43 нафар занон ва 92 нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон дар зиндонҳои Ироқ қарор доранд”, - қайд кард вазир.

Бино ба гуфтаи ӯ, мувофиқи қонунгузории Ироқ, барои ба ватан овардани кӯдакон иҷозаи волидони ӯ ҷиҳати ба хориҷи кишвар бурдани онҳо зарур аст.

“Айни замон барои аз Ирқ баровардани танҳо 75 нафар кӯдакон иҷоза дорем. Ба ҷуз розигии волидон, боз дар мурофиаи судӣ ғолиб омадан ва пардохти 2500 доллар боҷ лозим аст. Барои Тоҷикистон ин арзишро то 400 доллар поин оварданд”, - гуфт ӯ. – Пул дарёфт кардем, то ки кӯдакони тоҷикистониро ба ватан баргардонем, ин мушкил нест. Мушкили аслӣ дар он аст, ки модарон барои ба ватан бурдани кӯдаконашон розигӣ диҳанд”.

Дар робита ба занони тоҷик вазир иброз дошт, ки қарор дар бораи ба ватан овардани онҳо танҳо аз ҷониби суд қабул мешавад: дар ҳолате, ки агар гуноҳи занон исбот нашуда бошад, онҳо ба ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон супурда мешаванд.

“Мо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамаи шаҳрвандони кишвар, бахусус кӯдаконро ба ватан баргардонем”, - зикр кард вазир.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи апрели соли сипаришуда Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон чор нафар кӯдакони тоҷикро аз Ироқ ба ватан баргардонид. Миёни онҳо Абдуллои 9-сола, Фотимаи 7-сола ва Муҳаммади 3-сола ҳузур доштанд, ки дар паноҳгоҳе дар Ироқ қарор доштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.