Дар шаҳри Тирмиз таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, иҷрои супоришҳои роҳбарони олии ду кишвар оид ба таҳким ва густариши ҳамкории бисёрҷабҳа байни кишварҳои бародари Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар медиҳад департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ҷиҳати фаъолгардонӣ ва вусъат додани ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, фарҳангию гуманитарӣ, кишоварзӣ ва об, сайёҳӣ ва дигар самтҳо манфиатдории тарафайн таъкид гардид.
“Оид ба андешидани чораҳои мувофиқашудаи минбаъда ҷиҳати таъмини афзоиши ҳаҷми табодули маҳсулот, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли молҳои саноати сабук ва дар самти агросаноатӣ, инчунин идома ва густариши корҳои муштарак дар соҳаи гидроэнергетикӣ созиши мутақобила ҳосил шуд”, - омадааст дар маълумот.
Зимнан зикр мегардад, ки тарафҳо ҷонибдории хешро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои наздисарҳадӣ, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ байни минтақаҳои ду кишвар, инчунин вусъат додани робитаҳо байни доираҳои илмиву фарҳангӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳор намуда, дар фарҷоми нишаст Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расид.
Ёдрас мекунем, ки санаи 12 апрел сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд ҷиҳати иштирок дар вохӯрии дуюми машвартии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.