Элис Уэллс, муовини аввали ёвари котиби давлатии Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, гуфт, пас аз 28 сол боз ба Тоҷикистон омад ва аз дигаргунию пешрафти он шод гашт ва акнун дар мақоми наваш талош дорад ба ҳалли мушкилоти ин кишвар ҳамдастӣ кунад. Элис Уэллс он замон узви нахустин ҳайати Сафорати Амрико дар Тоҷикистон буд. Вай аз истиқболи гарми мардуми Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва мегӯяд, гуфтушунидаш бо мақомоти тоҷик на танҳо сари пешрафтҳо, балки мушкилоту печидагиҳо низ буд.​

Муовини аввали ёвари котиби давлатии Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ шоми 7-уми январ пас аз дидор бо хабарнигорон дар Душанбе дар як суҳбати ихтисосӣ ба чанд суоли Радиои Озодӣ посух гуфт. Элис Уэллс гуфт, ҳукумати Амрико намехоҳад Афғонистон аз сӯи ҳеч гуруҳ ё кишваре ба ҳайси майдони муборизаҳо истифода шавад. Ин дипломати амрикоӣ озодии баёнро барои рушди кишварҳо муҳим донист ва ҳамчунин таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида кумакҳояшро барои таъмини амният дар марз идома медиҳад.

Нахуст аз ӯ пурсидем, ки азбаски ҳадафи асосии ӯ аз ин сафар ҳамкориҳои амниятӣ дар минтақа аст, метавонад бигӯяд, ки ҳоло бояд кадом нигарониҳои амниятӣ дар минтақа ба инобат гирифта шаванд?

Элис Уэллс: Пеш аз ҳама ташаккур барои фароҳам овардани имконияти ин суҳбат. Бори аввал дар Тоҷикистон дар солҳои 1992-94 фаъолият доштам ва он замон дар таъсиси Сафорати Амрико дар Душанбе саҳм гирифтаам. Имрӯз имкон доштам, ки пешрафтҳои Тоҷикистонро дар ҳалли бисёре аз мушкилот дар давоми 20 соли охир бо чашми худ бинам. Аз ин имконият истиқбол мекунам. Дар дидорҳои имрӯза аз дастовардҳои Тоҷикистон гуфтам, аз ҷумла дар бораи он ки кишвар метавонад мардумро бо нерӯи барқ таъмин кунад. Албатта, дар ин гуфтугӯҳо ба чолишҳое низ тамаркуз кардем, ки аз бесуботӣ дар Афғонистони гирифтори ҷанг маншаъ мегиранд. Ва паём ба мақомоти давлат ин буд, ки Иёлоти Муттаҳида ба амнияти Тоҷикистон тааҳуди қавӣ дорад. Як далели он ҳамкории аълои ду кишвар дар таъмини амнияти марзист. Иёлоти Муттаҳида барои тақвияти амнияти марз зиёда аз 200 миллион доллар кумак кардааст. Ин кумаки амалӣ ва фаннӣ будааст, ба монанди радар, фанновариҳо, мошинҳои махсус, таҷҳизоти махсуси мухобиротӣ барои нерӯҳои давлат. Гуфтугӯи олие доштам бо генерал Раҳмоналӣ дар бораи таҳдидҳои тактикӣ дар марз ва расидагӣ ба онҳо. Ва ман аз мақомоти баландпояи давлат сипосгузориро барои чунин кумакҳо шунидам, аз ҷумла барои кумаки ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дар бунёди даҳ посгоҳи марзӣ ва тавонистам ба мақомоти давлатӣ итминон диҳам, ки Амрико ҳеч куҷо рафтанӣ нест: мо дар мубориза бо терроризм дар Афғонистон содиқем, мо бовар дорем, ки Афғонистон дигар ҳаргиз ба ҳайси пойгоҳи терроризм истифода нашавад, фарқ надорад, зидди Тоҷикистон, зидди Иёлоти Муттаҳида ё ҳампаймонҳои мо.

Радиои Озодӣ: Мо аз ҳукумати Тоҷикистон мешунавем, ки баъзе аз фишорҳо ба матбуоти мустақил ва озодии баён, ба сабаби нигарониҳои амниятӣ аст. Масалан, чанде аз хабарнигорони Радиои Озодӣ барои чанд моҳ ва ё тақрибан як сол аст, мунтазири аккредитатсия ва ё иҷоза барои кор ҳастанд. Зимни мулоқотҳо ин масъаларо ҳам матраҳ кардед ва посух ба он чӣ буд?

Элис Уэллс: Бидуни зикри мустақими гуфтугӯҳои ҷудогонаи ман бо мақомоти давлатӣ, бовари қатъӣ дорем, ки кормандони Радиои Озодӣ барои пешбурди фаъолияти худ бояд парвонаи кор гирифта тавонанд ва онро сари вақт гиранд.

Мо ба нақши расонаҳои озод барои рушди ҳамаи кишварҳо боварии бузург дорем ва ин нақш, аз ҷумла барои Иёлоти Мутаҳҳида низ ҳамеша муҳим будааст. Махсусан, ки Тоҷикистон ба силсилаи маъракаҳои интихоботи порлумонӣ ва президентӣ ворид мешавад, доштани баҳсҳои боз ва озод махсусан муҳим аст.

Радиои Озодӣ: Мушкилот бо Эрон ва Афғонистон аҳамияти ҳамкории Осиёи Марказӣ бо Амрико ва дар умум Ғарбро зиёдтар мекунад. Оё ин ҳамкориҳо то кунун самарабахш будаанд ва оё монеаҳои геополитикие ҳастанд, ки намегузоранд, кишварҳои минтақа мустақилона тасмим бигиранд?

Элис Уэллс: Ба назари ман дар ҷодаи тақвияти ҳамкориҳо дар доираи платформаи С5+1 як имконияти азиме ҷой дорад. Ҳам ҳамкории байни ин кишварҳо ва ҳам ҳамкорӣ бо ИМ ва ҳамсоягони он. Як мисоли хуберо аз таҷриба гуфта метавонам. Баъди ба сари ҳукумати Узбекистон омадани Шавкат Мирзиёев имкониятҳои бузурге барои минтақа фароҳам шуд, то ба ҳам ояд. Акнун бояд кишварҳои минтақа аз ин имкониятҳо хусусан аз боз шудани сарҳадҳо ва фароҳам омадани имконияти ҳамкориҳои мустақими байни ҳамдигар хуб истифода кунанд. Фикр мекунам, ки барномаи кор хеле муҳим аст. Мо аллакай ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кардем. Инчунин масоили мубориза бо терроризм дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дорад, масхусан вақте ки кишварҳои ОМ дар роҳи баргардонидани ҷангҷӯёни хориҷӣ ба кишварҳои худ қадамҳои ҷасурона мегузоранд. Ва Тоҷикистон мизбон ва раҳбари гуруҳи кории масъалаҳои амниятӣ дар доираи С5+1 аст ва дар ин чаҳорчӯб мо ҳамчунин метавонем дар масъалаи Афғонистон гуфтугӯ кунем. Ҳамчунин дар ин пойгоҳ ҳама гуна равобити мардумӣ низ ҳаст, аз ҷумла соҳибкорӣ, ки бояд муайян кунем. Бояд бигӯям, асли роҳнамои муносибати Амрико бо Тоҷикистон ин эҳтироми соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии он аст. Ва ин чунин маънӣ дорад, ки мо ҳаққи Тоҷикистонро ба ширкат дар кори чандин пойгоҳ полатформа ё созмону эътилофу гуруҳ эҳтиром мекунем ва мехоҳем аз ин ҳамкориҳояш манфиати нек ба даст орад. Аз он нигаронӣ мекунем, ки созмонҳое хоҳанд интихобҳои Тоҷикистонро маҳдуд кунанд ё дар роҳи ҳамкории он бо ҷомеаи байнулмилалӣ мушкилот пеш оранд. Ман ҳамчунин аз тарҳҳои иқтисодии нокифоят изҳори нигаронӣ мекунам, аз барномаҳои иқтисодие, ки меъёрҳои байнулмилалии экологӣ ё ҳуқуқи коргариро поймол мекунанд. Мо бар инем, ки Амрико устувортарин ва судмандтарин тарҳҳои дарозмуддатро пешниҳод мекунад, ки барои ҳарду, ҳам Тоҷикистон ва ҳам ширкатҳои марбута бештарин даромадро меоранд.

Радиои Озодӣ: Чин яке аз қудратҳои асосӣ дар минтақа аст ва дар тарҳҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ бисёр фаъол аст ва бисёре аз ин гуна тарҳҳоро гирифтааст. Баъзе аз мутахассисон мегӯянд, ки Русияву Чин дар минтақа бештар фаъоланд, чун кишварҳои ғарбӣ ба Осиёи Марказӣ чандон таваҷҷӯҳ надоранд.

Элис Уэллс: Бо чунин арзёбӣ розӣ шуда наметавонам. Иёлоти Муттаҳида ҳамкории хеле фаъоле бо Тоҷикистон дорад. Мо шабакаи Палатаи тиҷоратии Амрикоро дар ин ҷо дорем ва соҳибкорони амрикоӣ ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон рағбат доранд, ҳамзамон Амрико муддати тӯлоние ташвиқгари ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон будааст, то фазои ҷолибтари сармоягузории хориҷиро дар ин ҷо ба вуҷуд орад. Ба фикри ман, иштибоҳ аст, агар бигӯем, ки ин корҳо амалӣ намешавад. Баръакс, мо ба ин андеша ҳастем, ки Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои сармоягузорӣ ва муносибатҳои созанда бо кишварҳои ҳамсоя ва ниҳодҳои шарику кумакрасон истифода барад. Барномаҳои мо асосан бо мақсади кумак ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ шудаанд. Мақсади амалисозии ин барномаҳо барҳам додан ё ҳаллу фасли масоили вобаста ба нархнома ё тарифҳо, инчунин ҳамгунсозии қоидаҳои тиҷорат ва гумруки кишварҳои минтақа ва Тоҷикистон аст, то онҳо тавонанд, ҳамаи имконият ва иқтидори худро пурра истифода баранд. Барои намуна, талош дорем, дар роҳандозии бозори минтақаии нерӯи барқи Осиёи Марказӣ кумак кунем ва ба кишварҳои ОМ ёрӣ диҳем, ки на танҳо ба гунаи беҳтар тиҷорати барқро байни худ ба роҳ монанд, балки ҳамчунин онро ба берун аз минтақа аз ҷумла ба Афғонистону Покистон ва дар оянда ба Ҳиндустон ҳам содир карда тавонанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт сармоягузориҳои бузург кардааст ва ба кишвари ҳамсояи Афғонистон барқ пешниҳод мекунад. Дастгирии тарҳи минтақавии CASA-1000 ҳам иқдоми хуб аст ва ин як мисоли равшани ҳамкориҳо дар ин самт аст. Ин барнома ба ояндаи Тоҷикистон ва минтақа нигаронида шудааст. Ва пойгоҳи С5 + 1, яъне “панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико”, ки форуми онро дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Милал котиби давлатӣ Помпео сарварӣ кард, як пойгоҳи олиест, ки ба мо имкон медиҳад, ҳамкории минтақаии кишварҳои Осиёи Миёнаро ташвиқ кунему таҳким бахше ва тавре кунем, ки онҳо бо Афғонистон ва фаротар аз он роҳ ёбанду пайванд шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.