Департаменти давлатии ИМА ба қатъи дастрасии торнамоҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон ишора кардааст.

Дар гузориши Департаменти давлатӣ оид ба риояи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон қайд мешавад, соли 2019 маҳдудсозии дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла, Радиои Озодӣ ва хабаргузории “Азия-Плюс” идома ёфтанд.

Гуфта мешавад, муддати чандин сол инҷониб дастрасӣ ба сомонаҳои хабаргузориҳои мустақил ва мухолифин, ки дар берун аз ҳудуди кишвар ҷойгиранд, аз ҷониби ҳукумат қатъ мешавад.

Маллифони гузориш таъкид месозанд, ки Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон доимо даст доштанашро дар ҷорисозии маҳдудиятҳо ҷиҳати дастрасӣ ба торнамоҳои расонаҳои иттилоотӣ рад мекунад.

Аммо, гуфта мешавад дар гузориш, ҳукумат эътироф кардааст, баъзан аз қонунгузорие, ки ба қатъи муҳтавои матолиби интернет ва телекоммуникатсия ба хотири таъмини “манфиатҳои амнияти миллӣ” иҷоза медиҳад, истифода мекунад.

Ҳамчунин Департаменти давлатӣ ба таҳдидҳои чандинбора аз ҷониби ҳукумат нисбат ба ВАО-и мустақил ишора мекунад.

Таъкид мешавад, ки ба сурати умум Тоҷикистон давлати худкома (авторитарӣ) боқӣ мемонад ва дар он ҳукумат ба гуногунандешии сиёсӣ монеа эҷод мекунад.

Дар гузориш аз мавҷуд будани мушкилот дар ҷумҳурӣ, аз қабили куштори маҳбусон аз ҷониби нозирони зиндон, шиканҷаву таҳқири маҳкумшудагон, шароити душвори маҳбусони сиёсӣ, дахолати ҳукумат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, мушкилоти назаррас вобаста ба мустақилияти низоми судӣ, сензура, маҳдудсозии фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ, маҳдудиятиҳои зиёд дар озодии мазҳаб, коррупсия, хешу ошнобозӣ ва дигар мушкилот сухан меравад.

“Ҳолатҳои ба ҷавобгарӣ кашидани мансабдорни ҳукумат барои нақзи ҳуқуқи инсон хеле кам ба назар мерасид. Мансабдорони хадамоти амният ва дигар сохторҳои давлатӣ бидуни муҷозот амал мекарданд”, - зикр мешавад дар гузориши департаменти давлатии ИМА.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.