Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 13-уми май дар машварати ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки аввалин бор дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, иштирок кард.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар рафти машварат вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи вазифаҳои авлавиятноки СҲШ оид ба мубориза бо ҳамагирии бемории сироятии коронавирус мубодилаи муфассали афкор намуда, абзорҳои имконпазири ҳамкорӣ барои коҳиш додани паёмадҳои таъсири манфӣ ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои “оилаи СҲШ”-ро баррасӣ карданд.

Дар суханронии худ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъсири манфии ҳамагирии ҷаҳониро ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон қайд карда, масъалаи коҳиш додани талафоти даромади буҷети ҷумҳуриявиро матраҳ намуд.

Гуфта мешавад, Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин ба ҳамтоёни худ дар бораи дигар масъалаҳои вобаста ба ҳамагирӣ, пеш аз ҳама зарурати таъмини имкониятҳои транзитию коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ, инчунин таъминоти таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ  маълумот дод.

Дар суханронии ӯ ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Дар ин росто вазир чолишҳо ва таҳдидҳои аз Афғонистон барояндаро матраҳ карда, зарурати таҳкими бештари сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро таъкид намуд.

Дар рафти машварат нақш ва ҷойгоҳи СҲШ дар низоми муосири муносибатҳои байнулмилалиро баррасӣ шуда, вазирон дар бораи аҳаммияти таҷлили Ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва 75-умин солгарди таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид изҳори назар карданд.

Роҳбарони ҳайатҳо инчунин масоили омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ ва дигар чорабиниҳоро дар чаҳорчӯби раёсати Русия дар СҲШ баррасӣ карданд.

Аз натиҷаи машварат Изҳороти вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар робита ба паҳншавии коронавирус (COVID-19) қабул гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.