Сафари сарвари давлати Тоҷикистон ба пойтахти шимолии Русия ва пойтахти Ӯзбекистон мутаносибан охири моҳи июл ва даҳаи дуюми моҳи октябр дар назар аст.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, рӯзҳои 22-23 июл дар шаҳри Санкт-Петербург нишасти навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад.
Қобили зикр аст, ки Русия баргузории нишасти сарони кишварҳои аъзои СҲШ-ро соли ҷорӣ нахуст дар шаҳри Челябинск тарҳрезӣ карда буд.
Ба гуфтаи манбаъ, баргузории нишасти сарони мамолики аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар соли равон рӯзи 16-уми октябр дар шаҳри Тошканд муқаррар шудааст.
Дар ҳар дуи нишастҳо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин ҳамоишҳо пеш аз ҳама, баррасии масоили паси сар кардани оқибатҳои буҳрон бар асари пандемияи коронавирус, таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, инчунин расидан ба сулҳу созиш дар Афғонистон пешбинӣ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.