Хабари тарки Панҷшер кардани Аҳмади Масъуд воқеият надорад ва ӯ дар дохили Афғонистон аст, изҳор дошт имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар.
“Ба далоили амниятӣ раҳбарони муқовимат дар дастрасии омма қарор надоранд. Ман давомдор бо Амруллои Солеҳ дар тамос ҳастам ва ӯ феълан дар дохили Панҷшер сарпарасти раёсати Ҷумҳурии исломии Афғонистонро дар ихтиёр дорад”, - иброз дошт дипломат.
Сафири Афғонистон зикр кард, ки Толибон дар Панҷшер занону кӯдакону пиронсолонро аз хонаҳошон берун кардаву тирборон карданд.
“Покистон дар умури Афғонистон дахолат мекунад ва сафари ахири раиси ISI - Покистон (Хадамоти иктишофии ин кишвар) намунаи ошкори ин дахолат буд”, - гуфт Муҳаммад Зоҳири Ағбар.
“Ҳукумати эълонкардаи Толибон иборат аз чанд муллое аст, ки бархеи онҳо ҳатто ду китоб нахондаанд ва бар хилофи иддаои пешини Толибон танҳо аз саффҳои онҳо иборат асту халос”, - иброз дошт Зоҳир Ағбар.
Ба гуфтаи ӯ, ба наздикӣ раҳбарони сиёсии Афғонистон, аз ҷумла маршал Дӯстум гирди ҳам меоянд ва як Шӯрои бузурге барои ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовиматии миллии Афғонистон ташкил мекунанд.
"Дар ҷабҳаи муқовимат на танҳо тоҷикон, балки паштунҳо, ӯзбаконо, ҳазораҳо низ меҷанганд", - таъкид дошт сафир.
Сафир аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки ҳукумати эълонкардаи Толибонро ба расмият нашиносанд, зеро раҳбарони ин ҳукумат террористони сатҳи аввали ҷаҳон ва зиндониёни собиқи Гуантанамо аст.
“Ман намояндаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон мебошам ва аз Ҷабҳаи Панҷшер ва муқовимат ҳимоят мекунам”, - илова кард ӯ.
Айни замон дар сафоратхонаи Афғонистон дар Тоҷикистон нишасти хабарӣ ҷараён дорад. Сафир Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар бораи вазъи кунунии Афғонистон, аз ҷумла дараи Панҷшер изҳори назар мекунад.
Нашри зиндаро метавон дар саҳифаи “Азия-Плюс” дар Facebook бо суроғаи https://fb.watch/7UixbasO4l/ тамошо кард.
Хабар такмил мешавад...
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.